Намояндаи барҷастаи адабиёти асрҳои миёнаи арман Арутюн Сайдян соли 1712 дар оилаи марди ҳунарманд дар шаҳри Тифлис, дар ҳамон шаҳре, ки гўё тамоми рангҳои табиат, халқҳо, урфу одат ва забонҳо бо ҳам омехтаанд, ба дунё омадааст. Зери таъсири муҳити гарми сиёсӣ, тиҷорат ва илмиву фарҳангии ҳамин шаҳр фаъолияти эҷодии Сайёди Наво шакл гирифт. Муҳақиқони осору аҳволи ў қайд карданд, ки панҷ забонро медонист ва бо се забон эҷод мекард.
Фаъолияти ошуғӣ ё гўяндагӣ боиси афзудани шўҳрат ва эътибори Сайёди Наво гардид ва сурудҳои ў, ки аз ишқу муҳаббат ва меҳру вафои инсонӣ сиришти шудаанд, ба дуриҳо рафт ва боиси ба ҳам наздик гардидани халқҳои гуногунмазҳаб гардид.
Овозаи ҳунари ў то ба дарбори шоҳи гурҷӣ Ираклии II расид ва ў шоирро ба назди худ даъват намуд. Муносибати хуби шоир бо шоҳ то замоне идома ёфт, ки шоир хоҳари Ираклии II – ро дўст дошт. Ин амал боиси вайрон гардидани муносибати шоиру шоҳ гардид ва замони оворагардиву дилсардии шоир аз ҳаёт шурўъ шуд. Ў либоси роҳибӣ ба тан кашид ва кунҷи калисои Анипатро ихтиёр намуда, муддате аз эҷоду сароидани шеър даст кашид. Ў аз дунёи пургуноҳ пурра дилхаставу безор гардида буд. Аммо ҳамон дарди модарзодии шоирӣ аз шоир ҷудо нагардид ва ў боз бо сурудҳои тозаи худ ба саҳнаи ҳаёт баромад. Пинҳонӣ аз калисо баромада, ба Тифлис меравад, то ки боз суруд хонад ё дар базми гўяндагон ширкат намояд.
Замони зиндагии шоир замони нооромии сиёсӣ ва носозии муносибати давлатҳои ҳамсоя буд. Соли 1795 шоҳи Эрон Оғо Муҳаммадхон маркази Ғурчистон – Тафлисро тасарруф намуд. Вафоти шоир низ ба моҳи сентябри ҳамин сол ва ҳамин воқеа алоқаманд аст. Дар бораи вафот ё қатли ў ақидаҳо гуногунанд. Ақидае ҳаст, ки эрониёни ба Тафлис даромада шоирро барои он куштаанд, ки ў аз оини худ даст накашидааст.
Ба ақидаи дигар лашкариёни Оғо Муҳаммадхон аз Сайёди Наво будани ў хабар ёфта, имконият медиҳанд, то шоир шаҳрро тарк кунад. Вале ў ин корро накард ва қурбони ҷаҳлу нофаҳмӣ гардид.
Мероси комил ва кулли сурудҳои Сайёди Наво боқӣ намондаанд. Танҳо як дафтари сурудҳои ў боқӣ мондааст, ки бо дастони худи шоир навишта шудаанд ва он соли 1852 дар Москва ба табъ расидааст. Дар меҳвари сурудҳо ва ашъори бо се забон – гурҷӣ, арманӣ ва озарӣ навиштаи ў инсон ва озодии ў қарор дорад. Орзуи шоир дидани дунёи озод, озодӣ аз онҳое, ки ҳуқуқ ва эътибори инсонро паст задаанд.
Ғановат ва махсусияти мероси шоиронаи Сайёди Наво дар он аст, ки ў анъанаҳои беҳтарини адабиёти асримиёнагии арманро дар замони нави таърихӣ ҷилои нав дод. Ҳамчунин дар такмили сохтори шеърӣ, яъне поэтикаи шеъри арман низ ҳисса гузошт.
Сайёди Наво нақши амиқе на танҳо дар адабиёти арман, балки дар адабиёти гурҷиву озарӣ низ боқӣ гузошт ва эҷодиёти Сайёди Нидо як давраи асримиёнагии адабиёти арманро ҷамбаст менамояд.
Хонандаи тоҷик ба ном ва осори Сайёди Наво шиносоии дерина дорад. Муҳақиқони эҷодиёти шоир, чи арманҳо ва чи тоҷикон алоқамандии Сайёди Наворо ба адабиёти тоҷику форс муайян намудаанд. Аз ҷумла ақидае пеш овардаанд, ки Сайёди Наво аз «Шоҳнома» -и Фирдавсӣ, хусусан аз достони «Рустам ва Суҳроб» -и ў огоҳ будааст. Ҳамчунин Сайёди Наво аз эҷодиёти Рўдакӣ, Низомӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ дарак дошт ва нақши осори ин шоирон дар тасвир ва услуби Сайёди Наво дидаву ҳис мешавад.
Муҳақиқи алоқаҳои адабиёти тоҷику арман А.Давронов дар мавриди иртиботи Сайёди Наво ба адабиёти тоҷик навиштааст. «Пайвандакҳои адабии халқҳои тоҷику арман дар аҳди Сайёди Наво аз ҳар ҷиҳат ба туфайли шеъри шоир ва имтизоҷи он дар забонҳои гурҷӣ, озарбойҷонӣ, арманӣ ва форсӣ хусусияти тоза касб кард… Дар ҷараёни ковишҳои илмӣ аз эҷодиёти шоир шеъре ёфтем, ки бо чор забон – арманӣ, форсӣ, гурҷӣ ва озарӣ таълиф шудааст. Умуман эҷодиёти Сайёди Наво як ҳалқаи тиллоии пайвандҳои адабии халқҳои тоҷику арман ба ҳисоб меравад (А. Давронов, Сайёди Наво ва адабиёти тоҷик, Садои Шарқ, 1996, № 5-8.).
Манбаъ: Донишномаи озод; “Адабиёти ҷаҳон” барои синфҳои 10-11. Муаллифон: М.Зайниддинов, А. Худойдодов. Душанбе, 2001
Таҳияи Фирӯза Раҳимова, мутахассиси пешбари шуъбаи кўдакон ва наврасон.