Ду ҳамкори ҷавони мо ахиран ба унвони фахрии Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шуданд. Шобегим Маликшоева ва Абдуғаюр Саломов – ду тан аз ҳамкорони фаъол ва ҷавони мо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин унвони пуршараф қадрдонӣ шуданд.Унвон дар ҷаласаи умумӣ бо ҳузури кормандон аз ҷониби Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Ҷумахон Файзализода тақдим шуд.
Маврид ба ёдоварист, ки Шобегим Маликшоева соли 2014 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намудааст. Аз соли 2014 инҷониб дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон кор мекунад. То ин замон дар шуъбаи Такмили адабиёт, Маркази «Тоҷикшиносӣ», Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доштааст. Айни замон ба ҳайси муовини сардори шуъбаи адабиёти хориҷӣ ифои вазифа мекунад. Номзади илмҳои филологӣ мебошад.
Абдуғаюр Саломов бошад аз моҳи феврали соли 2016 то инҷониб дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикстон» кор мекунад. Дар айни замон мутхассиси пешбари шуъбаи феҳристнигорӣ мебошад.
Ҳамкорони худро ба муносибати дарёфти унвони Аълочии маориф ва илм муборакбод мекунем!