Китобҳои нав: “Физиологияи растаниҳо”
Нашр шуд 2020-03-04 11:18
Китоби мазкур дар доираи ҳамкориҳои Институти ботаника, физиология ва генетикаи рустании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафедраи физиологияи рустаниҳо ва биотехнологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо кафедраи физиология ва биохимияи рустаниҳои Донишгоҳи Давлатии шаҳри Сант-Петербурги Федератсияи Русия бо тағйироту иловаҳо вобаста ба талаботи илми муосири физиологияи рустаниҳо ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ омода карда шудааст.
Фанни физиологияи рустаниҳо дар қиёс ба илмҳои марбут ба биологияи наботот мавқеъ ва мақоми хоси худро дорад. Фанни мазкур тамоми ҷанбаҳои ҳаёти рустаниҳоро дар бар гирифта, равандҳои сабзишу инкишоф, ғизогирии фотосинтетикӣ ва маъданӣ, гликолиз ва нафаскашӣ, дохилшавии об ба растанӣ ва меъёрҳои ба танзимдарории он, устуворӣ ба омилҳои номусоиди иқлимию экологӣ ва касалиҳо,асосҳои физиологию биохимиявии ба танзимдарорандаи равандҳои рушду инкишофи рустаниҳоро меомўзад.
Хусусияти дигари хоси китоби дарсии мазкур аз он иборат аст, ки он дар шакли 2 китоби алоҳида барои нашр кардан тавсия дода мешавад. Китоби дарсии якум асоси бобҳои «Хусусиятҳои сохти ҳуҷайраҳои растанӣ», «Фотосинтез», «Нафаскашии ҳуҷайравии рустаниҳо», «Реҷаи обии рустаниҳо», «Нақлиёти мембранавӣ дар рустаниҳо», «Моддаҳои минералӣ»-ро дар бар мегирад ва ин ҳолат имкон медиҳад, ки толибилмон тавассути китоби якум ба асостарин равандҳои фаъолияти ҳаёти рустаниҳо шиносоӣ пайдо карда, сипас ба туфайли китоби дуюм ба дигар равандҳои рушду инкишоф, асосҳои физиологию биохимиявӣ ва батанзимдарории онҳо, ҳолати оромӣ ва тобоварии рустаниҳо ба омилҳои абиотикӣ, роҳҳои ҳифзу оқилона истифодабарии рустаниҳо ва ғайра дорои маълумоти илмии кифояткунанда гарданд.
Китоби мазкур дониши муосири фанни физиологияи рустаниҳоро дар сатҳи донишгоҳи Руссияро дар бар мегирад. Дар вақти истифодаи ин китоб ба донишҷўёну кормандони илм донишҳои илмии имрўзаи физилолгия, биохимия,биофизика,генетика,ситология ва анатомия мавриди муҳокима қарор дода мешавад. Китоби мазкур барои тамоми мутахассисони соҳаи биология пешбинӣ шудааст.
Пешрафти физиологияи рустаниҳо чун дигар илмҳо натанҳо аз ғояҳои нав, инчунин аз татбиқи методологияҳои нав низ вобаста аст. Барои мутахассисони физиологияи рустаниҳо дар айни замон, он методҳои муосире, ки дар биологияи молекулярӣ, муҳандисии генӣ ва ҳуҷайравӣ,ки дар якҷоягӣ бо методҳои классикии дар биофизика ва биохимияи рустаниҳо истифодашаванда бо роҳ монда мешаванд, самаранокии бештар доранд.
Шарофат Мирзоева,
сармутахассиси шуъбаи илмӣ ва тадқиқотӣ.