Бо ташаббуси шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбони Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорабинии идона бахшида ба Артиши миллии Тоҷикистон доир гардид. Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Маҳмудов Гадобег оғоз намуда, афсарону сарбозони шуҷоъи Ватанро бо фарорасии Иди қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, барояшон хушбахтиҳои беназирро таманно намуд.
Мирзоев Шавкат - Раиси Иттиҳодияи интернатсионалистони собиқадори ҶТ ҳозиринро ба Рӯзи Артиши миллӣ табрик намуд ва гуфт: “Мо имрӯз ки дар арафаи ҷашни 27 –умин солгарди қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, сараввал, ҳамаи родмардони ҳомии ватанро бо ин рӯз табрику муборакбод менамоям. Воқеан, артиш ин худ зода ва ҳамқадами Истиқлолияти кишварамон ба ҳисоб меравад. Вақте мо ба саҳифаҳои таърих назар меафканем, пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди шӯравӣ артиши миллии мо ба миён омад, ки ин саҳлу осон набуд
Фирӯз Қодиров – роҳбари гуруҳи Авангари ВКД зимни суханронии худ гуфт, ки ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се сол қабл ҳанӯз дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 25 - солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки мақсади асосӣ аз таъсис додани Артиши миллӣ ташкили нерӯи ҳарбие буд, ки ба ҳифзи истиқлолияту озодии кишвар қодир бошад ва якпорчагиву тамомияти арзии онро таъмин намояд. Гузашти солҳо нишон доданд, ки бо шарофати далериву шуҷоат ва фидокориву ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ - фарзандони бонангу номуси Ватан дар кишвари азизамон ҳокимияти қонунӣ барқарор гардида, барои сулҳу суботи устувор заминаи мустаҳкам фароҳам оварда шуд.
Полковник Пономарёв Роман намояндаи Сафорати ФР дар ҶТ ҳозиринро ба 27 солагии фаъолият Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон табрик намуда, қайд кард, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рўзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузаштанд ва ба нерўи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфт ва барои ҳифзи боэътимоди марзу буми Тоҷикистон собитқадамона рушду такомул меёбанд.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ Ансамбли сипари Вазорати корҳои дохилӣ бо сурудҳои тозаэҷоди хеш хотири ҳозиринро шод кард.
Фаридун Азизов,
сармутахассиси шуъбаи тарғиб ва
баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ