Бонк чист ва бонкдор кист?
Нашр шуд 2020-02-04 08:25
Бонк яке аз субъектҳои иқтисодиёт маҳсуб ёфта, дар ҳар давру замон байни харидор ва фурӯшандаи пул мақоми миёнаравиро дорад. Айни замон ҳаёти мусирро бе бонкҳо ва низоми бокӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Китоби Мавзуна Сабзаева “Бонк ва бонкдор” шуморо бо вижагиҳои зиёде, ки хости низоми бонкдорист, ошно месозад. Ин китоби таълимӣ ба таҳқиқи фаъолияти бонкҳо, амалиёти бонкӣ, низоми бонкдорӣ ва шуғли бонкӣ дар Тоҷикистон ва шарҳи комёбиҳои бонкдорҳои машҳур бахшида шудааст. Он ба донишҷўёни тахассуси бонкдорӣ ва доираи васеи алоқамандони адабиёти иқтисодӣ тавсия карда шудааст.
Китобро ҳоло метавонед дар ҳар толори хониши Китобхонаи миллӣ дархост ва мутолиа намоед.
Шарофат Мирзоева,
сармутахассиси шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ.