Туро то имрўз ҳам хоҳанд дар манзили тоҷик
Чу дорӣ хонаи ҷовид адар дили ҳар дили тоҷик.
Ту хомўшӣ, намехонӣ, вале танбўри ту гўёст,
Агарчи ҷои ту холист дар ҳар манзили тоҷик.
Акашариф, ки падараш Ҷўра ва бобояш Исо ном доштанд, 3 майи соли 1894 дар пойтахти шоҳигарии Дарвоз – Калъаи Хум дар оилаи деҳкон таваллуд ёфтааст ва 2 – уми октябри соли 1966 дар синни 72-солаӣ аз олам рафт.
Ҳаёт ва эҷодиёти санъаткори номӣ Акашариф Ҷўраев бо фолклори мусиқии Дарвоз, Хисор, Қаротоғ, Ҳоит, Тоҷикобод ва ғайра зич алоқаманд аст. Ў ба як қатор сурудҳои дар асоси фолклори халқ эҷодкардаи худ обуранги тоза, шаклу ибораҳои замонавӣ дохил намуда, дар тараққёти мусиқии халқи тоҷик саҳми арзанда гузоштааст. Аз ҳамин сабаб ҳам халқ ўро на фақат ҳамчун ҳофиз, балки оҳангсози мумтозу давомдиҳандаи мусиқии қадимаи халқи худ дўст медорад.
Акашариф Ҷўраев ҳанўз дар хурдсолӣ дар навохтани думбраю дутор шавқу ҳавас пайдо мекунад. Баъдҳо дар синни 10 солагӣ аз Иззатшо ном хизматчии маъмурияти ҳамон давра, ки хеле санъатдўсту марди соҳибистеъдод буд, чанд суруду наво меомўзад.
Акашариф лаёқати шеърнависӣ ҳам дошт. Шеърҳои эҷодкардаи ҳофиз «Байрақи озоӣ», «Аэроплан», «Капитан Гастелло» мебошанд, ки оҳанг офарида,бо писаронаш месароид.
Бори аввал Акашариф соли 1926 дар концерти ҳукуматӣ ба муносибати ташкилёбии Республикаи Советии Социалистии Автономии Тоҷикистон дар Душанбе бо ҳамроҳии Мирзо Ғулом баромад кард. Соли 1935 ба сифати ҳофизи якахони Комитети радиои Тоҷикистон ба кор даъват шуд. Соли 1941 ў дар Даҳаи нахустини санъат ва адабиёти тоҷик дар Москав иштирок карда сазовори баҳои баланд гашт. Соли 1955 барои гузаронидани даҳаи навбатии санъату адабиёти тоҷик дар Москав тайёрӣ мерафт. Ба ин муносибат гурӯҳи ҳофизони кўҳистон дар таҳти роҳбарияти Акашарифи Ҷўраев ташкил шуд. Дар ҳайяти ансамбл А. Назрӣ, Б. Яхшиев, А. Ёров, С. Назриев, М. Ҷўраев, Ш. Одинабеков ва З. Раҳимова дохил буданд.
Зиёда аз 17 сурудҳои ҳофиз Акашариф Ҷўраев ба нота баргардонида шудааст.
Акашариф Ҷўраевро на танҳо дар ҳудуди Тоҷикистон балки берун аз марзи хуб мешинохтанд ва эътибори зиёде доштанд. Сафарҳое, ки Акашариф Ҷўраев, бо дастаҳои яккачини филармония ва радио, берун аз Тоҷикистон кардааст, то андозае аниқ аст. Вай солҳои 1936, 1937, 1941, 1946, 1949, 1957 ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия, солҳои 1947, 1950, 1952, 1954 ба Ҷумҳурии Узбекистон, солҳои 1942, 1950, 1952, 1954 ба Ҷумҳурии Туркманистон, солҳои 1950, 1952, 1954 ба Ҷумҳурии Қирғизистон, солҳои 1942, 1957 ба Эрон ва як бор, соли 1958 ба Афғонистон рафтааст.
Мероси ҳунарии Акашарифи Ҷўра дар таърихи тамаддуни садсолаи миллати тоҷик падида ва бозтоби воқеан муассир аст. Ҳунари воло ва сурудҳои ҳофиз дар дили мухлисони созу суруд ҷой гирифта, то ин ҷониб сурудҳои устодро замзама менамоянд.
Бо дарназардошти хизматҳои шоёни ин шахсияти нотакрор номгузории Филармонияи давлатии шаҳри Душанбе бо номи Акашариф Ҷўраев номгузорӣ гардид.
Саноат Набиева, сармутахассиси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг