Ҳаштоду чаҳор соли устод Баҳриддин Камолиддинов
Сухан аз устод Баҳриддин Камолиддинов аст. Яке аз маъруфтарин устодон дар риштаи забон, ки умре аз услубшиносӣ дарс гуфтаву даҳҳо китобу садҳо мақола дар бораи забони модарии мо иншо кардаанд. Рӯзи 8-уми октябр устод Камолиддинов ба синни мубораки 84 қадам мегузоранд. Рӯзи 3-уми октябр дар Мизи мудаввари Китобхонаи миллии Тоҷикитсон, ки ба Рӯзи забони давлатӣ бахшида шуда буд, ҳузур ёфтанд ва андешаҳои худро роҷеъ ба покии забон, забони имрӯзи матбуот ва радиову телевизион, баҳсҳо атрофи истифодаи баҷову ноҷои баъзе истилоҳоту вожаҳо иброз доштанд.
Баҳриддин Камолиддинов 8- уми октябри соли 1935 дар ноҳияи Ашт таваллуд шудааст, забоншинос, доктори илми филология (1988), профессор (1991), академики Академияи байналхалқии маълумоти олӣ (1994), Ходими шоистаи Тоҷикистон. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1959). Аз замони хатми Донишгоҳ то ба ин дам дар ҳамин таълимгоҳ ба омўзгорӣ машғул аст.
Зинаҳои кори собиқаш: муовини декани факултаи филологияи шарқшиносӣ, мудири кафедраи умумидонишгоҳии забон ва адабиёти тоҷик, ноиби ректор доир ба таълим. Аз соли 1994 – мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултаи журналистика.
Устод Баҳриддин Камолиддинов яке аз муаллифони китоби илмии академии «Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик» буда, зиёда аз 150 мақолаҳои илмию методиаш дар маҷаллаю маҷмўаҳои илмии мухталиф ба чоп расидаанд. Зери роҳбариаш 6 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст. Устод узви Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Тоҷикистон ва узви ҳайати кории истилоҳоти имлои забони тоҷикист.
Дорандаи нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» ва «Комёбиҳои беназир дар таълими мактаби олӣ» буда, бо 2 Грамотаи фахрии Раёсати Шўрои Олии ҶСШ Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Эҷодиёти пурарзишашон низ дар соҳаи забоншиносӣ аз он далолат мекунад, ки он кас дар илми тоҷик ҳам мақоми хоса доранд. Ҳоло агарчанде ба сини мубораки 84 даромадаанд, чӣ бо баромадҳояшон дар «Оинаи нилгун» барои тоза нигоҳ доштани забони ноби тоҷикӣ ҷаҳду талош доранд. Ҳамин талошҳояшонро Президенти нуқтасанҷи кишварамон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомаде, ки дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Иди забон баргузор гардид, махсус таъкид карда, иброз доштанд, ки «Нисбат ба забон дилсўз буданро аз он кас ёд гиред!»
Б. Камолиддинов муаллифи чандин монография ва китобҳои дарсие мебошад, ки на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки берун аз он низ маъруф гардидаанд. Устод дар илми забоншиносии тоҷик асосгузори равияи услубшиносӣ шинохта шудааст. Ҳамчунин, устод яке аз мутахассисони шинохтаи соҳаи синтаксис ба шумор меравад. Тағйироти ба пунктуатсия вориднамудаи ў дар ин самти забоншиносӣ ба сифати асос қабул шуда, то ҳол дар забони тоҷикӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад.
Ба қалами профессор Б. Камолиддинов беш аз 200 корҳои илмӣ таааллуқ дорад. Муҳимтарини онҳо монографияҳои «Ҳаким Карим: мухтасаре оид ба ҳаёт, эҷодиёт ва услуби адабӣ», «Услубшиносӣ», «Муродифоти синтаксисӣ ва ҳусни баён», « Хусусияти услубии сарфу наҳви забони тоҷикӣ», «Сухан аз баҳри дигарон гўянд», «Сухан гуфтию дурр суфтӣ. Ё рў ба рў бо микрофон», «Меъёри забони адабӣ ва забони матбуот» ва «Чанд мушкили гузоштан ё нагузоштани аломати вергул» мебошанд.
Аҳмади Дониш хеле хуб фармуда: «Баъд аз вуҷуд хайри одамиӣ дар илму маърифат бошад». Устод, ки аз рўи гуфтаи Сарвари кишварамон ғамхору дилсўзи забон мебошанд, аз пешрафти он меболанд ва ба касе, ки ба ҷодаи илми забоншиносӣ қадам мениҳад, бо хайрхоҳӣ назар меафкананд ва ба кори ў воқеъбинона баҳо дода, дили ўро нисбат ба азми пешгирифтааш гарм месозанд.
Баҳоваддин Қодиров
номзади илмҳои филология
Бозчоп аз «Энсиклопедияи олимони донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон». – Душанбе, 2008. – С.127 – 128.
Дар Китобхонаи миллӣ аз профессор Баҳриддин Камолиддинов ва дар бораи ӯ метавонед ин матолибро бихонед:
- Ҳусни баён, Душанбе, 1989;
- Хусусияти услубии сарфу наҳви забони тоҷикӣ, Душанбе, 1992;
- Китоби дарсӣ барои синфҳои 10 – 11 (бо шарик таълиф), Душанбе, 1995;
- Сухан аз баҳри дигарон гўянд, Душанбе, 2001;
- Масъалаҳои баҳсноки наҳви забони тоҷикӣ, Душанбе 2003;
- Сухандонон сухан санҷида гўянд, Душанбе, 2005;
- Забони тоҷикӣ. Китоби дарсӣ барои синфи 11, Душанбе, 2007.
Умри шеваҳо кўтоҳ аст: Мусоҳибаи З. Нур бо доктори илмҳои филология, профессор Баҳриддин Камолиддинов // Фараж. – 2017. – 11 октябр.
Забон ҳукми бузургонро намепазирад: Суҳбати хабарнигор Зоҳири Сайфулло бо забоншинос Баҳриддин Камолиддинов // Фараж. – 2016. – 5 октябр.
Аҳли матбуот мардуми тақлидкаранд: Профессор Бахриддин Камолиддинов роҷеъ ба ҳолати забони имрўзаи тоҷикӣ // Рўзгор. – 2013. – 30 декабр.
Забон масъулият мехоҳад. [Як чанд сухан дар бораи забони модарӣ] мусоҳиб Ниёзова Шаҳло.] // Тоҷикистон. – 2006. – 20 июл.
Услуби бадеии забон: [Истифодаи вожаҳои луғавию грамматикӣ дар адабиёти бадеи] // Адаб. – 1994. - № 9 – 10. Саҳ.17 – 21.
Имконияти услубии аъзоҳои ҷумла: [Таълими забон] // Маърифат. – 1991. - № 2. – Саҳ. 19 - 26.
Пайвандаки, ки дар охири ҷумлаи пайрави замон // Маърифати омўзгор. – 2018. - № 7 . – С. 48 – 50.
Сухан монда аз ў ёдгор: / Ба ёди профессор Додоҷон Тоҷиев \ бо расмаш. // Омўзгор. – 1990. – 27 март. – саҳ 4.
Самараи ранҷи устод: / Дар бораи профессор Д. Тоҷиев /. // Тоҷик. Сов. – 1990. – 28 март.
Сухан санҷида гўянд: [Дар бобати истифодаи воҳидҳои фразеологӣ ва таркибҳои феълӣ дар асарҳои бадеӣ ва забони матбуот]. Садои Шарқ. – 1980, № 12. Саҳ. 113 – 118.
Таҳияи Сафарбӣ Қурбоналиева,
мутахассиси пешбари Маркази
«Конуни забони тоҷикӣ» ва
омўзиши забонҳои хориҷӣ.