Шарафи пайдо кардани ин чанд байт низ чун 3 байте, ки чанд рӯз пеш ироа шуда буд, ба донишмандони эронӣ, устодони Донишгоҳи Аҳвоз Насруллоҳ Имомӣ, Мижгон Шермуҳаммадӣ ва Саҷҷод Деҳқон тааллуқ мегирад. Мақолаи эшон ба номи “Баррасии абёте навёфта аз Рӯдакӣ дар фарҳанге ношинохта” дар шумораи 2, поизи 1397 маҷаллаи шеърпажуҳии “Бӯстони адаб” –и Донишгоҳи Шероз чоп шудааст.
Дар китобхонаи Донишгоҳи Теҳрон ва китобхонаи миллии Эрон ду нусха аз як фарҳанги ношинохтаи тафсирии забони форсӣ, ки муаллиф ва соли таълифаш маълум нест, нигоҳдорӣ мешавад. Муаллифони мақола бар асоси баъзе қароин замони таълифи ин фарҳангро дар асрҳои 8-9 ҳиҷрӣ (14-15 мелодӣ) донистаанд. Дар ин фарҳанги ношинохта, ки то кунун чоп ва таҳқиқ нашуда буд, 2 байт ба номи Рӯдакӣ омада, ки то кунун номаълум буданд. Хамчунин 2 байти дигар, ки маъохизи дигар ба шоирони дигар нисбат додаанд, дар ин фарҳанг ба номи Рӯдакӣ омадааст.... Суханро дароз намекунем ва он байтҳоро меоварем:
Байти аввал:
Зи гурми ҳаҷр дилам гарм гашту аз сардӣ,
Ба сӯйи коми висолаш намезанам гоме.
Байти дувум:
Чашми ман борад сиришки ҳамчу ҳин,
Аз сари дунёву дин бархез, ҳин!
Дар бораи байти аввал муаллифони мақола овардаанд: “Ҳарчанд ин байти мансуб ба Рӯдакӣ танҳо дар ин фарҳанг дида шуда, ин интисоб мавриди тардид аст. Агар вожаи “гурм” саҳеҳ бошад, “гурм” ва “гарм” ҷиноси хаттӣ ва “ком”-у “гом” ҷиноси музореъ доранд; ҳамчунин “ҳаҷр”-у “висол” ва “гарм”-у “сард” баёнгари санъати тазод дар ин байт ҳастанд ва риояти ин навъ ҷинос ва саноеъи адабӣ дар сабки Рӯдакӣ ва замони ӯ чандон роиҷ нест”.
Дар мавриди таҷнис гуфтаи муаллифон дуруст аст, ва аммо дар мавриди санъати тазод иштибоҳ мекунанд. Баръакс тазод аз муҳимтарин вежагиҳои шеъри Рӯдакӣ аст.... Чанд намунаи зайл, муште аз харвор аст:
Некии ӯ ба ҷойгоҳи бад аст,
Шодии ӯ ба ҷойи темор аст....
Кардиши ӯ на хубу чеҳраш хуб,
Зишткирдору хубдидор аст.
Неки ӯро фасона дору шуд,
Бади ӯро камарт-т сахт битанҷ.
З-омада шодмона бояд буд,
В-аз гузашта накард бояд ёд...
Некбахт он касе, ки доду бихӯрд,
Шӯрбахт он, ки ӯ нахӯрду надод.
Аз ин мисолҳо фаровон метавон овард, аммо бо ҳамин иктифо мекунем. Бо ин ҳол, ман ҳам ба сурудаи Рӯдакӣ будани байтти аввал шак дорам, чун шеваи баёнаш ба баёни Рӯдакӣ намемонад. Аллоҳу аълам.
Байти дувум дар вазни Калила ва Димна ва Синбоднома аст ва дар он “ҳин”-и аввал сел ва “ҳин”-и дувум “шитоб кун” , “зуд бош” аст. Ин ду вожаро Дақикӣ низ дар байте истифода кардааст:
Аз кӯҳсор дӯш ба ранги май,
Ҳин омад, ай нигор, май овар, ҳин.
Ва низ дар фарҳанги ношинохта, байти зайл ба ном Рӯдакӣ омада:
Остин аз барои ранҷи дилам,
То ба оринҷ баркашӣ ҳар дам.
Ин байт дар Фарҳанги Шуъурӣ бо андаке тафовут ба номи Асадӣ омадааст: (ба ҷойи “мекашӣ” “мезанӣ” дорад). Сабки шеър ва мазмун бештар ба навиштаи Рӯдакӣ будани байт далолат мекунад. Ҳамчунин фарҳанги ношинохта ҳадди ақалл як аср қабл аз Фарҳанги Шуъурӣ таълиф шудааст.
Байти дигар, ки дар фарҳанги ношинохта ба номи Рӯдакӣ омада, ин аст:
Ишқи ӯ анкабутро монад,
Битанидаст тафта гирди дилам.
Аммо ин байт дар фарҳангҳои муътабар ба номи Шаҳид омада ва ба эҳтимоли зиёд аз ӯст.
Ба умеди пайдо шудани абёти нави Рӯдакӣ хуш бошед....
Абдуқодири Рустам