Дар нимсолаи аввали соли равон тибқи шартномаҳои ҳамкорӣ 269 нафар донишҷўён аз макотиби олӣ, коллеҷҳо ва литсейҳои касбии пойтахт дар Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллӣ давраҳои омӯзиширо хатм кардаанд. Аз ҷумла аз Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 6 нафар, аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – 166 нафар, аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи М. Турсунзода – 9 нафар, аз Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Нуъмон Ибни Собит – 20 нафар, аз Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявӣ ба номи П.Бўйдоқов – 18 нафар, аз Бахши Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе – 13 нафар, аз литсеи касбии техникии саноати нассоҷии ш.Душанбе -30 нафар, аз литсейи касбии алоқаи ш. Душанбе -20 нафар.
Таҷрибаомўзии истеҳсолӣ ин таҳкими донишҳои назариявии донишҷўён буда, онҳоро ба фазои касби интихобкардаи худ дохил мекунад. Пеш аз оғози таҷрибаомўзии истеҳсолӣ дар Китобхона бо иштироки мутахассис-омўзгорон ва роҳбарони таҷрибаомўзон аз муассисаҳои таълимӣ бо таҷрибаомўзон сўҳбатҳо гузаронида мешавад, ки дар он мақсади таҷрибаомўзӣ, тартиби гузаронидани он, ташкил, назорат, тарбия, муҳофизати меҳнат ва техникаи бехатарӣ баррасӣ карда мешавад.
Таҷрибаомўзии истеҳсолии донишҷўён қисми муҳим ва ҷудонашавандаи раванди таълиму тарбия дар баланд бардоштани дониши касбии донишҷўён ҷузъи тайёр кардани мутахассисони баландихтисос буда, дар корхона, муассисаву ташкилотҳои гуногуни хоҷагии халқ, фарҳанг, тандурустӣ, савдо ва идоракунии давлатӣ гузаронида мешавад.
Ин аст, ки Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон пайваста бо Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони Вазорати маориф, Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич дошта аз таҷрибаи бойи онҳо дар фаъолияти худ истифода мебаранд ва ҳамзамон дар таҳияи барномаҳои таълиму тарбияи мутахассисони баландихтисос саҳмгузор мебошад.
Юлчибой Мусоев,
Маркази такмили ихтисос