«Замини модарон» қисаи дувуми Шаҳзодаи Самарқандист, ки бори аввал дар шакли маҷмўа дар Душанбе чоп мешавад. Қиссаи мазкур дар бораи режими сахти хукумати худкоми шўравӣ бо забони марғуб қисса мекунад. Аз ҷумла, дар он сухан дар бораи азобу шиканҷа ва машақати бонувони тоҷик меравад, ки ҳаёти хуши худро дар полезҳои саҳроӣ ва ғунчини пахта масраф менамуданд.
Паҳно ва вусъати фазои бадеӣ дар қиссаи «Замини модарон»-и Шаҳзодаи Самарқандӣ то ба дараҷае густардааст, ки пахтазорҳои муқаррарии аҳди шўравӣ, манзилу макони кишоварзони деҳотӣ, хиёбону гулгаштҳои Самарқанди бостонӣ рўзгорӣ пурхурўши шаҳрҳои бузурги Москваю Варшава, трактори кўҳнаи колхозӣ киштию баҳри азим, Арали аз ташнагӣ синабирён бо низом ғунҷоиш ёфтаанд.
Нависанда бо дарку эҳсоси амиқи фоҷиаи рўзгори аҳди колхозӣ, муносибат ва самимияти баланди байни одамон, ишқу муҳаббат, андешаю афкор ва орзую ормони онҳо қалам меронад ва хонандаро бо рангомезиҳои ҷолибу хотирмони зиндагӣ, бо диду шинохти дигар ошно месозад. Назари ҳунармандонаи шаҳзода аз нигоҳу назари муқаррарии мо тафовут дорад ва ин фарқият он аст, ки мо ҳама чизро бо ранги аслияш мебинему маърифат мекунем, вале ў аз онҳо маънию мазмунҳои наву тоза, падидаҳои шоиронаеро дарку кашф менамояд. Маҳз ҳамин диди шоирона ва зебоиписандонаи Шаҳзода дар ҷўякҳои пахтазор, дар ғурришу ҳаракати трактор, дар табдили шабу рўз, дар ҳолати замину осмон, дар ҳаракатҳои гурўҳи филмбардорон, дар пахтачинӣ дар мактабхонӣ ва ғайра ашёю ҳолатҳоеро ошкор месозад, ки ҳар яки онҳо дар зиндагии инсон, дар ршахсиятҳои достонӣ муассиру муҳиманд.
Воқеаҳои қиссаи Шаҳзода чунон густарда ва чунон ба ҳам печидаанд, ки яке дигареро такмилу тақвият мебахшад ва дар маҷрои онҳо се чиз аст, ки тамотият ва ягонагии созмони бадеии асарро таъмин месозанд. Замин, Осмон ва Инсон ҳар яке нуқтаҳои меҳварӣ дар консепсиюни эҷодии муаллиф буда, дар маҷрои нақл самти ҳаракати хатҳои сужети қиссаро танзим менамоянд. Аз нигоҳи Шаҳзода дар рўи замин ҳама чиз бо ҳам дар назму иртиботи бевосита қарор доранд ва мо инсонҳо ба моҳияти ин ҳамбастагии азалию адабӣ камтар таваҷҷўҳ зоҳир менамоем.
Қиссаи «Замини модарон»-и Шоҳзодаи Самарқандиро шумо метавонед дар толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед. Китоб аз 148 саҳифа иборат буда, соли 2015 дар нашриёти “Истиқбол” чоп шудааст. Сарсухане, ки овардем, аз ҳамин нашр иқтибос шуд.
Таҳияи Замира Давлатова,
мутахассиси шуъбаи кӯдакон ва наврасон