Ҷўра Ҳошимӣ мехонем: “Бачаҳову кўчаҳо”
Ҷўра Ҳошимӣ мехонем: “Бачаҳову кўчаҳо”
Дўстони хурдсоли ман! Мо дигар бачча намешавем, аммо гуфтору рафтори шуморо дида, завқ мебарем ва аз нав мисли шумо бачча мешвем. Баччагӣ айёми беғубори умри инсонист ва ҳар кас мехоҳад, ки боре ба он даврон баргардад. Он чизе, ки моро бо шумо ҳамнишину ҳамсўҳбат, ҳамсафару ҳамбоз мегардонад, шеъру ҳикояҳо, хулоса, асарҳои бачагона мебошад. Ростӣ, ин китобро хондаму аз нав бо шумо «Алифбо»-ро кушодам, сеҳру эъҷози ҳарфҳоро сарфаҳм рафтам, ҳамроҳи шумо гуфтам:
М як ҳарфи танҳо буд,
Як ҳарфи бемаъно буд.
Боре ҳамдам бо О шуд,
МО шуд, хеле фаҳмо шуд…
Гўё, ки орзуи мактабравиро дораму мехоҳам шумориданро ёд гирам, ангуштҳоямро навбат ба навбат мехобонаму дармеёбам, ки ҳамаи онҳо дар якҷоягӣ даҳто будаанд. Ҳоло он, ки марди калон шудаам, ҳар рўз даҳҳо маротиба рақамҳоро такрор мекунаму менависам. Аммо ҳамин, ки мисли шумо бачча мешавам, рақамҳо рангу бў, лаззату таровати дигар пайдо мекунанд.
–Ду гунҷишкак дар поин,
Ду гунҷишкак дар тор аст:
Ду гунҷишку ду гунҷишк? …
– Медонедам, ҷамъаш чор аст!
Дўстони хурдсоли ман! Мо дигар бачча намешавем, аммо гуфтору рафтори шуморо дида, завқ мебарем ва аз нав мисли шумо бачча мешвем. Баччагӣ айёми беғубори умри инсонист ва ҳар кас мехоҳад, ки боре ба он даврон баргардад. Он чизе, ки моро бо шумо ҳамнишину ҳамсўҳбат, ҳамсафару ҳамбоз мегардонад, шеъру ҳикояҳо, хулоса, асарҳои бачагона мебошад. Ростӣ, ин китобро хондаму аз нав бо шумо «Алифбо»-ро кушодам, сеҳру эъҷози ҳарфҳоро сарфаҳм рафтам, ҳамроҳи шумо гуфтам:
М як ҳарфи танҳо буд,
Як ҳарфи бемаъно буд.
Боре ҳамдам бо О шуд,
МО шуд, хеле фаҳмо шуд…
Гўё, ки орзуи мактабравиро дораму мехоҳам шумориданро ёд гирам, ангуштҳоямро навбат ба навбат мехобонаму дармеёбам, ки ҳамаи онҳо дар якҷоягӣ даҳто будаанд. Ҳоло он, ки марди калон шудаам, ҳар рўз даҳҳо маротиба рақамҳоро такрор мекунаму менависам. Аммо ҳамин, ки мисли шумо бачча мешавам, рақамҳо рангу бў, лаззату таровати дигар пайдо мекунанд.
–Ду гунҷишкак дар поин,
Ду гунҷишкак дар тор аст:
Ду гунҷишку ду гунҷишк? …
– Медонедам, ҷамъаш чор аст!
Ман чаро бачча мешавам? Сабаб он аст, ки шеърҳои бобои шумо Ҷўра Ҳошимӣ маро водор месозад, ки бачча шавам. Шумо, ки ҳоло бачча ҳастед, баччаи хуб, хушахлоқ, аълохон, ҳушёр, ватандўст мешавед, кўшиш мекунед, ки зудтар калон калон шаведу мисли падарҳои худ одамони даркории кишвар бошед.
Дирўзакак буд. Мо дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил мекардем. Ҳар сол, 20- сентябр, дар донишгоҳи мо бо роҳбарии устодамон Воҳид Асрорӣ Рўзи назм гузаронида мешуд. Ба ин ҷашни шеър аз ҳама донишгоҳҳои олии Душанбе меҳмонҳо меомаданд, то нисфи шаб шеърхонӣ мекардем. Аз ҳама хубаш он буд, ки рўзномаҳои номдори ҷумҳурӣ намунаҳои эҷоди моро чоп мекарданд.
Боре ман мутасаддии ҷамъоварии намунаи ашъори донишҷўёни донишгоҳамон будам. Ба наздам навҷавони харобаки шармине омад ва хоҳиш кард, ки шеъри ўро ҳам як назар бубинам. Шеъри бачагона буд, хуб буд, равон буд, хотирнишин буд. Он шеър бо ашъори дигар донишҷўён дар рўзномаи «Пионери Тоҷикистон» (имрўза «Анбоз») ба табъ расид.
Ана, аз ҳамон рўз ман Ҷўра Ҳошимиро мешиносам. Як шеъраки хурди ў имрўз ба як ҷилди калон табдил ёфтааст. Албатта, ин ба осонӣ ба даст наомадааст. Бобои шумо Ҷўра Ҳшимӣ мисли устод Мирсаид Миршакар, Абдумалик Баҳорӣ, Убайд Раҷаб, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Наримон Бақозода ва дигарон як лаҳзаю як сония аз шумо ҷудо набуд, заҳмат мекашид, мисраъҳоро гаштаю баргашта аз нав менавишт, то ҳар як шеър мисли ҳаёти шумо сода, беғубор, зебо пуртароват бошад.
Бинед, чӣ мисраҳои хуб! Ба як хондан аз ёд мешаванд, зеро шеъри зебои халқиро ба хотир меоранд:
Бо кўча баччаҳо шод,
Бо бачча кўчаҳо шод.
Бе кўча баччаҳо зиқ.
Бе бачча кўчаҳо зиқ,
Аз кўча бачча розӣ.
Аз Бачча кўча розӣ.
Бовар дорам, ки шумо ҳам ин шеърро дўст хоҳед дошт. Вақте ки мисраъҳои поёниро мехондам, хонаи бобоиамон, ҷўраҳои баччагиам, деҳу пайраҳаҳои деҳ, овози чирчиракҳою хоби беғами баччагӣ ба ёдам расид:
Деҳаи ором буд,
Хонаи бобом буд.
Вақти ҷудо нағз буд,
Киса пури мағз буд.
Коса пури об буд,
Дида пури хоб буд.
Оҳ, сарам тоб хўрд,
Воҳ маро хоб бурд!
Ҳаргиз гумон накунед, ки сохтани чунин мисраъҳои равон, қофияю радифи хушоҳанг, мазмуни мисли хобби баччагӣ ширин кори осон аст. Агар осон мебуд, ҳамаи мо мисли Ҷўра Ҳошимӣ фақат барои шумо менавиштем.
Воқеан бобои Ҷўра Ҳошимӣ тамоми умр барои шумо эҷод кардааст. Масалан, ман ҳам барои шумо менависам, аммо гоҳ–гоҳ. Ман асосан барои падару модарони шумо, яъне, калонсолон менависам. Чунки ҳамеша барои шумо навиштан ва нағз навиштан ҳунари ҳар кас нест.
Бинед барои он, ки шоири шумо калимаҳои «дулона» ва «ду лона», «хурморо» ва «хур мор» –ро дар шеъраш истифода кунад ва ба шеъраш зебоӣ ато намояд, чӣ заҳматҳое кашидааст:
Дар шохаки дўлона
Пайдо шуда ду лона.
****
Бингар ин се хурморо,
Ҳар се гўяд: –Хўр моро!
Умуман дар китоб бисёр лаҳзаҳои нотакрори ҳаёти шумо, манзараҳои дилфиреби Ватан, ҳисси баччагонаю беғубори ватандорию ватанпарастии шумо хуб ба қалам оварда шудааст. Агар ҷо–ҷо рафтору гуфтору пиндори ношоями шумо шудааст, боке нест, яъне, ислоҳ кардани норасоии ҳаёти баччагона дар дасти худи шумост. Мо ҳам шоири шумо ҳам, дар паҳлўи шумо ҳастем.
Биёед, дар ин рўзи нек –71–солагии шоир Ҷўра Ҳошимӣ –якҷоя орзу кунем, ки умраш дароз бошад ва барои мо ҳамеша шеърҳои хуб эҷод намояд.
Гулназар,
Шоири халқии Тоҷикистон.
Бачаҳои азиз! Ин сатрҳо сарсухани Шоири халқии Тоҷикистон, устод Гулназар буд, ки ба китоби Ҷӯра Ҳошимӣ “Баччаҳову кўчаҳо” навиштаанд. Мо онро пурра овардем, то шуморо ба мутолиаи ин китоб ташвиқ кунем. Китобро шумо аз толори хониши бачаҳо ва наврасони Китобхонаи миллӣ пайдо ва мутолиа карда метавонед.
Таҳияи Фирўза Раҳимова,
мутахасиси шўъбаи кўдакон ва наврасон.