Марди майдони сухан
Аз марги нобаҳангоми мутарҷими шинохта Ҳабиб Аҳрорӣ 36 сол сипарӣ шуд. Агар умр вафо мекард, имсол садушашсола мешуд. Ҳабиб Аҳрорӣ беҳтарин повесту румонҳои машҳури адабиёти ҷаҳонро ба тоҷикӣ баргардон кардааст. Шоҳкории Лев Толстой “Ҷанг ва сулҳ” низ бо заҳмати вай тоҷикӣ чоп шудааст.
Ҳабиб Аҳрорӣ мутарҷим ва нависандаи тоҷик 15 августи соли 1913 дар шаҳри Самарқанд таваллуд шудааст. Коркуни хизматнишондодаи маданияти ҶШС Тоҷикистон (1973). Ширкаткунандаи ҶБВ (1941-1945).
Соли 1941 факултети забон ва адабиёти русии Институти педагогии Тошкандро хатм намудааст. Корманди Нашриёти давлатии Тоҷикистон (1941-1942), хидмат дар Артиши Шўравӣ (1942-1948), сармуҳаррири редаксияи барномаҳои тоҷикии Кумитаи радиошунавонии Ўзбекистон (1948-1950), тарҷумон ва сармуҳаррири Нашриёти давлатии Тоҷикистон (1950-1955), муаллими факултети филологияи Университети давлатии Тоҷикистон (1952-1953), ходими калони илмӣ, мудири шуъбаи тарҷумаи Институти таърихи партияи назди Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон (1955-1957; 1977-1983).
Фаъолияти эҷодии Аҳрорӣ аз соли 1935 оғоз ёфтааст. Нахустин китоби тарҷумакардааш – «Гулливер дар байни лилипутҳо»-и Ҷ. Свифт (1936) мебошад. Асарҳои адибони рус Н. В. Гогол («Моҷарои Иван Иванович ва Иван Никифорович», 1940; «Шинел», 1952), А. Фадеев («Торумор», 1949; «Гвардияи ҷавон», ҷилди 1, с. 1954), ҳикояҳои И. Тургенев, А. Чехов, М. Горкий, А. Толстой (1964-1968), «Қисмати одам»-и М. Шолохов (1958), «Ҷанг ва сулҳ»-и Л. Н. Толстой (1952-1962) ва ғайраро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Баъзе асарҳоро аз адибони Ғарб – Оноре де Балзак, Волтер, Алфред де Мюссе, Виктор Ҳюго, Ги де Мопассан, Стендал ва дигарон ба тоҷикӣ гардондааст.
Аҳрорӣ дар тарҷумаҳояш хусусиятҳои услубии асарҳои тарҷумашавандаро риоя кардааст. Забони тарҷумаҳояш фасеҳ аст. Дар нигоҳ доштани балоғати гуфтори нависанда, тасвири ҳолати рўҳии қаҳрамонон, истифода аз санъатҳои бадеии ташбеҳ, таҷнис, таъбирҳои халқӣ, зарбулмасалу мақолҳо ва ғайра маҳорати фавқулода нишон додааст.
Аҳрорӣ яке аз муҳаққиқони амалия ва назарияи тарҷумаи бадеӣ буд ва дар ин бобат мақолаҳои ҷолибе таълиф намудааст. Барои театрҳои Тоҷикистон пйесаҳои «Муфаттиш»-и Н. В. Гогол ва «Шаби гирифтани моҳ»-и М. Каримро тарҷума кардааст.
Аҳрорӣ инчунин тарҷумони осори классикони марксизм-ленинизм буд. Дар мураттабсозӣ ва таҳрири «Луғати русӣ-тоҷикӣ» (1985) ширкат дошт. Аҳрорӣ муаллифи маҷмуаҳои ҳикояҳои «Тўйхўрии мўйсафедон» (1984) мебошад.
Бо орденҳои Ҷанги Ватанӣ (дараҷаҳои 1, 2), «Ситораи сурх» ва медалҳо сарфароз гардидааст. Аз соли 1954 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Соли 1983 аз олам чашм пўшид.
Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2013. – Ҷ. 2. – С. 175.
Аз Ҳабиб Аҳрорӣ дар Китобхонаи миллӣ метавонед ин асарҳоро суроғ кунед:
Гайдар, А. Ҷек ва Гек: Тарҷумаи Аҳрорӣ. – Сталинобод, 1947. – 67 с.
Чехов, А. П. Ҳикояҳои мунтахаб / Тарҷумаи Ҳ. Аҳрорӣ. – Душанбе: Ирфон, 1964 . – 206 с.
Тақриз: Бачаев, М. Тўҳфаи хуб ба хонандагон // Маориф ва маданият. – 1965. – 25 март.
Айтматов, Ч. Роҳи каҳкашон: Повест ва ҳикояҳо / Тарҷумаҳои Ҳ. Аҳрорӣ. – Душанбе: Ирфон, 1965. – 462 с.
Олимҷонов, А. Корвон меравад сўи офтоб: Повест ва ҳикояҳо / Тарҷумаҳои Ҳ. Аҳрорӣ. – Душанбе: Ирфон, 1973. – 238 с.
Ҷўрагӣ?: Ҳикоя // Ҳақиқати Ўзбекистон. – 1967. – 3 феврал.
Мулоқоти охирин: Аз дафтари хотира // Садои Шарқ. – 1967. – №7. – С. 49-59.
Шамякин, И. Баҳорон: Ҳикоя / Тарҷумаи Ҳ. Аҳрорӣ // Садои Шарқ. – 1967. – №10. – С. 80-88.
Ойбек. Роҳи бузург: Порча аз роман / Тарҷумаи Ҳ. Аҳрорӣ // Садои Шарқ. – 1968. – №8. – С. 17-24.
Мопассан, Ги де. Дуэл; Гадо; Интиқом; Буател; Оворагард: Ҳикояҳо / Тарҷумаҳои Ҳ. Аҳрорӣ // Садои Шарқ. – 1970. – №7. – С. 92-120.
Балзак, О. Полковник Шабер: Повест / Тарҷумаи Ҳ. Аҳрорӣ // Садои Шарқ. – 1973. – №11. – С. 69-93.
Аз ҳикояҳои Қорӣ-поччо // Садои Шарқ. – 1977. – №7. – С. 43-55.
Дар бораи адиб:
Шодиқулов, Ҳ. Шогирди мактаби Айнӣ: Ба муносибати 80-умин зодрўзи Ҳабиб Аҳрорӣ // Адабиёт ва санъат. – 1993. – 9 декабр. Аз рўзи таваллуди тарҷумон Ҳабиб Аҳрорӣ 90 сол гузашт // Адабиёт ва санъат. – 2003. – 11 сентябр.
Расулӣ, Х. Аз табори оташ: Аз рўзгор ва фаъолияти тарҷимон, адабиётшинос Ҳабиб Аҳрорӣ // Ҷумҳурият. – 2013. – 11 июн.
Зайниддинов, М. Марди майдони сухан: Ба ифтихори 100-солагии мутарҷими маъруф, адабиётшинос Ҳабиб Аҳрорӣ // Адабиёт ва санъат. – 2013. – 15 август.
Таҳияи Истампулод Ормонов
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ