ОҲАНГАРӢ: Дирӯз ва имрӯз

Дар гузашта сўзишвории асосӣ барои оҳангарон ангишти дарахтони сахтчўб ба ҳисоб мерафт. Дар кўҳистон ангишро аз дарахтони арча, бурс ва баъзан аз ангат тайёр мекарданд, ҳоло ангиштсангҳои истеҳсолии конҳои Тоҷикистон истифода мешаванд. Инчунин имрўзҳо ба ҷойи саночи дамдиҳӣ воситаҳои барқии боддиҳӣ ба кор бурда мешавад.

   Оҳангарӣ аз касбҳои маъмулии тоҷикон мебошад, ки то ба имрўз идома дорад. Устохона ё корхонаҳои оҳангарӣ дар аксари шаҳру деҳаҳои кишвар фаъолият доранд, ки ниёзи мардумро ба ашё ва маҳсулоти оҳанӣ таъмин месозанд. Оҳангарӣ  дар гузашта аз чиҳилу як ҳунар иборат буда, ҳар яке аз дигаре фарқ доштааст. Масалан, устои каландгар, мехгар, мисгар, дегрез, наълкўб, кордсоз, қуфлсоз, сўзангар ва амсоли инҳо. Ҳоло баъзе аз ин ҳунарҳо бинобар рушди технологияи металлургӣ аз байн рафта, истеҳсоли маҳсулоти дигари оҳанӣ ба ўҳдаи оҳангарон мебошад.

    Дар ҳар устохона як усто ва 2-3 нафар шогирдон кор мекунанд. Устои калон дар назди кўраи оташ истода, бо анбур оҳанро дар оташ сурх мекунад ва бо ёрии ҳамкорон ё шогирдон онро дар болои сандон бо путку хоиск зада, ба шакли дилхоҳ медарорад.         

     Дар гузашта сўзишвории асосӣ барои оҳангарон ангишти дарахтони сахтчўб ба ҳисоб мерафт. Дар кўҳистон ангишро аз дарахтони арча, бурс ва баъзан аз ангат тайёр мекарданд, ҳоло ангиштсангҳои истеҳсолии конҳои Тоҷикистон истифода мешаванд. Инчунин имрўзҳо ба ҷойи саночи дамдиҳӣ воситаҳои барқии боддиҳӣ ба кор бурда мешавад.

           

  Олоти устохонаи оҳангарӣ аз кўра, дами оҳангарӣ, саночи дам, сандон, кундаи чўбӣ, новаи об, путк, гиро, анбўр, каҷанбўр, қалам ё сумба, хоиск ва ғайра иборат мебошад.

  Маҳсулоти сохтаи оҳангарон гуногун мебошанд. Аз ҷумла олоти кор: каланд, бел, теша, хоркантеша, табар, искана, исканатабар, новатеша, ҷоду, токбур, болға, анбўр, дос, оҳани ҷуфт, гулмех, наъл бо мехашва ғайра истеҳсол мешаванд.

  Бозчоп аз Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон  / Мураттиб Д. Раҳимов; Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: ЭР-граф, 2017. – С. 180.

Дар Китобхонаи миллӣ дар бораи оҳангарӣ боз метавон ин матолибро ҳам хонд:

Абдуллоева, П. Дар дўкони оҳангар: Оиди кор ва фаъолияти оҳангар Абдуманнон Ҳомидов // Ҳақиқати Суғд. – 2018. – 2 апрел.

Ҳангомаи Исмат. Оҳангарӣ- пешаи қадимаи тоҷикон: Бахшида ба ҳунарҳои  мардумии оҳангарӣ // Хатлон. – 2018. – 24 май.

Нарзулло, Х. Корномаи оҳангарон: Оиди яке аз устои оҳангари шаҳри Истаравшан Усто Юсуфи Наълбанд // Адабиёт ва санъат. – 2018. – 23 август.

Қаюмова, М. Ҳунари оҳангарӣ ривоҷ меёбад: Дар бораи таърих ва фаъолияти Ҷамъияти оҳангарони ноҳияи Ашт // Баҳори Аҷам. – 2018. – 7 сентябр.

Таҳияи Бибикубрия Қурбонова

корманди  шуъбаи библиографияи миллӣ