На Остон, достоне рафт аз мо...
Нашр шуд 2018-07-24 17:05
Чӣ метавон гуфт, ки аз Раҳмон Остон ҳарфҳои ногуфта зиёданд. Инсоне буд самимӣ, хоксор, донишманд ва ба маънои томаш зиёӣ. Соҳибқалам, ҳам ҳикоя навишту ҳам очерку лавҳа ва ҳам аз хуштарин лаҳзаҳои рӯзгор гузоришҳои зинда омода кард. Замоне буд, ки аз аввалинҳо шуда барои пойтахти кишвар шабакаи телевизиониро роҳандозӣ кард.
Аммо ин умр, ки ба касе вафо намекунад, ба ӯ низ вафо накард. Чор сол пеш дар як рӯзи сарди зимистон олами моро тарк кард. Ҳоло агар зинда мебуд, аз баҳори 65-уми умраш гул мечид.
Ёдаш ба хайр!
Раҳмон Остон 15 июли соли 1953 дар деҳаи Даштаки ноҳияи Фархор ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби таҳсилоти миёнаи ҳамагонӣ, соли 1972 шомили факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) шудааст.
Баъди хатми донишгоҳ аз соли 1977 то 1989 дар Кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавонии ҷумҳурӣ ба ҳайси муҳаррир ва муҳаррири варзида адои вазифа намудааст.
Аз соли 1989 то 1994 дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» мудири шўъба ва мовини сармуҳаррир, солҳои 1994-1996 корманди масъули раёсати телевизиони Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, солҳои 1996-2012 роҳбари Телевизиони ҷамъиятии «Пойтахт» будааст.
Аз соли 2012 ходими илмии Иститути забон, адабиёт, шарқшиносӣ мероси хатии ба номи Абўадуллоҳи Рўдакӣ АИ ҷумҳурӣ буд.
Муаллифи китобҳои «Маҳтоби лаби бом» (2003), «Ҳикояҳо» (2004), «Порае об, порае гил» (2008) ва филмҳои ҳунариву мустанади «Қақнус», «Ду истеъдод», «Чашма», «Гогол», «Шоҳмастон» ва ғайраҳо мебошад.
Ба мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ шудааст.
Аз соли 1999 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 2008 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
28 декабри соли 2014 аз олам даргузашт.
Боз чоп аз «Адибони Тоҷикистон». – 2014. – С.176.
Аз Раҳмон Остон ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро метавон суроғ кард:
Азиз, М. Ҳафтаномаро меписандам: Мусоҳибаи Р. Остон бо сарвари осорхонаи таъриху кишваромўзии вилояти Кўлоб Музаффар Азиз перомуни маъракаи обуна барои соли 1991 // Адабиёт ва санъат. – 1990. – 4 октябр.
Остон, Р. Ҳунарро парасторӣ мебояд, на харобкорӣ: Мизи мудаввар перумони масъалаҳои ҳунару фарҳанги халқи тоҷик // Адабиёт ва санъат. – 1991. – 28 март.
Остон, Р. Маъбади афкор ва андеша: Сўҳбат бо ҳунармандони Театри опера ва балет // Адабиёт ва санъат. – 1992. – 18 июн.
Остон, Р. Ишқ, варзиш, саг, нос ва маҳтоб: Ҳикоя // Адабиёт ва санъат. – 1994. – 14 октябр.
Остон, Р. Марди ҳунар: Ба ҳунарпешаи Убайдулло Раҷабов додани унвони давлатии ба номи А. Рўдакӣ // Ҷумҳурият. – 1998. – 1 май.
Дар борааш
Аҳмадхонов, А. Шўълае аз дуд фориғ: Аз эҷодиёти адиб ва рўзноманигори соҳибному соҳибмақом Раҳмони Остон // Адабиёт ва санъат. – 2013. – 13 июн.
Рустамзода, М. На Остон, достоне рафт аз мо: Ёде аз нависандаи хушсалиқа, донишманди соҳаи адабиёт Раҳмон Остон // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2014. – 8 январ.
Одилиён, О. Ёди ёри хушкалом: Ёде аз адиби хушсалиқа ва журналисти собиқадор Раҳмони Остон // Тоҷикистон. – 2015. – №9-10. – С. 28-29.
Қурбониён, К. Инсоне, ки ривоят мешавад: Ёде аз нависанда ва журналисти шинохта собиқадори телевизиону матбуоти тоҷик Раҳмони Остон // Ҷумҳурият. – 2015. – 2 апрел.
Таҳияи Саодат Қодирова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ