Кормандони Китобхонаи миллӣ дар идомаи иқдомоти хайрхоҳонаи худ бори дуюм зарфи як моҳи охир ба ба кӯдакону наврасони мактаб-интернати ноҳияи Фархор кумак расонданд. Ин барои онҳо орд, шакар ва дигар маводи хӯрока расониданд.
Бори аввал дар остонаи Иди мубораки Рамазон бо ташаббуси маъмурияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва иттифоқи касабаи Китобхонаи миллӣ ба кӯдакону наврасони мактаб-интернати ноҳияи Фархор ба миқдори муайян сарлу либоси варзишӣ кумак карда шуда буд.
Чуноне маълум аст, бар асари боришоти охир ва селҳои харобиовар ба хоҷагиҳо ва аҳолии ноҳияи Фархор зарарҳо расид. Одамон бесарпаноҳ монданд, молу амволашон зери об монд. Як сабаби интихоби ноҳияи Фархор ба кумак маҳз ҳамин офатҳои табиӣ буд.
Расонидани кумак ба ятимону бепарасторон ва муҳтоҷону дармондагон, хайру садақа ба афроде, ки мискину бенаво ва ё пиру барҷомонда дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аст.
Президенти малакат ҳамвора сарватмандонро ба хайру садақа талқин мекунанд ва аз мардум мехоҳанд аз он чи доранд, ба дармондагон бахшанд.
Ин аввалину охирин иқдомҳои кормандони китобхонаи миллӣ нест, ки дасти дармондагон мегиранд. Соли гузашта ду маврид дар идҳо аз ҳисоби худ ба Хонаи кӯакони рақами 1 Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ёрӣ расонида буданд.