Баланд бардоштани сифати таълим дар курсҳои такмили ихтисос

Омўзиши таҷрибаи пешқадами кишварҳои хориҷии пешрафтаи дуру наздик нишон медиҳад, ки манбаи асосии рушди босуръати иҷтимоию иқтисодии кишвар такмил додани дониш ва касб мебошад. Зеро китобхона дар ҳама давру замон ва таърихи ташаккули миллатҳо нерӯи пешбарандаи ҷомеаи мутамаддин ва соҳибмаърифатии аҳли ҷомеа ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки ҳамеша дигаргуниҳои куллӣ дар ҷомеа (хоса дар замони ҷаҳонишавӣ) муайян намудани самти ояндаи инкишоф ва бақои миллат ба дӯши китобдорон ба шумор меравад.

дар раванди такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи китобдорӣ бо роҳи ташкили курсҳои омўзиши нақши асосиро Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллииТоҷикистон иҷро намуд ва боз ҳам эҳсоскунандатар гардид. Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои кормандони соҳа курсҳои омўзишӣ тибқи барномаҳои “Феҳристнигорӣ” (дар ҳаҷми 72 соат) ва “Асосҳои лоҳиасозӣ” (дар ҳаҷми 48 соат) омода намуда, ки дар он зиёда аз 43 нафар кормандон аз ҳисоби ҷавонон ва собиқадорон ҷалб гардида ва дониши худро сайқал дода истодаанд. 

Дар Маркази такмили ихтисос дар ҳар як машғулият ба шунавандагон хусусият ва бартариҳои барномаҳо равшану аниқ нишон дода шуда, дар муқоиса самарабахши методҳо асоснок пешниҳод карда мешавад. Шунавандагон моҳияти усулҳои фаъоли таълимро ҳамаҷониба аз худ намуда, зарурати инро дарк карда ва дар кори амалии худ истифода мебаранд. Мақсади ниҳоии дарсҳо натиҷанокии такмили маҳорати касбӣ дар курсҳои такмили ихтисос мебошад.

Таҳия ва таҷдиди назар намудани мазмуну мундариҷаи барномаҳои таълимӣ, китобҳои тахассусӣ, баландбардории маҳорати касбии китобдорон ва тарғибу татбиқи усулҳои босифату инноватсионии таълим ва технологияи муосир аз ҷумлаи омилҳои муҳими баланд бардоштани малакаи тахассусии китобдорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Омўзиши таҷрибаи пешқадами кишварҳои хориҷии пешрафтаи дуру наздик нишон медиҳад, ки манбаи асосии рушди босуръати иҷтимоию иқтисодии кишвар такмил додани дониш ва касб мебошад. Зеро китобхона дар ҳама давру замон ва таърихи ташаккули миллатҳо нерӯи пешбарандаи ҷомеаи мутамаддин ва соҳибмаърифатии аҳли ҷомеа ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки ҳамеша дигаргуниҳои куллӣ дар ҷомеа (хоса дар замони ҷаҳонишавӣ) муайян намудани самти ояндаи инкишоф ва бақои миллат ба дӯши китобдорон ба шумор меравад.

Аз ин рў, баланд бардоштани сифати курсҳои такмили ихтисос маҳорати касбии кормандони китобхонаҳо дар шароити имрўза хело муҳим мебошад. Кормандон маҳз дар курсҳои такмили ихтисос аз воситаҳои нави иттилоотӣ-коммуникатсионӣ шаклу усулҳои нави самарабахши хадамоти китобдорӣ мавриди истифода қарор дода ва бо дигаргунсозиҳои ҷомеаи иттилоотӣ бархурдор мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки таъмини сифату самаранокии курсҳои такмили ихтисос ноил шудан ба нишондиҳандаҳои сифатӣ мебошад, зеро такмили тахассусии китобдорон, омили беҳтар намудани тарбияи мутахассисон буда, аз сифату самаранокии курсҳои такмили ихтисос пурра вобастагӣ дорад.  

Бо дарназардошти ин мубрамият дар Маркази такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи китобдорӣ бар асоси дастовардҳои илми муосир ва таҷрибаи пешқадами кишварҳои пешрафта ҷиҳати баланд намудани сифати курсҳои такмили ихтисос якчанд навгониҳо ба вуҷуд оварда шудаанд.

Баҳри пешбурд ва баланд намудани сифати курсҳои такмили ихтисос пешниҳод  мешавад:

- ташкил намудани курсҳои сайёри такмили ихтисос дар китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;

-тибқи қоида таълими коркард ва таҳия намуданибарномаҳоитаълимӣ барои шунавандагони курсҳои такмили ихтисос;

  • бештар ҷалб намудани олимони варзидаи соҳаи китобдорӣ ва кормандони таҷрибадори соҳа ба бозомўзии кормандони китобхонаҳо;
  • ташкил ва истифодаи омўзиши фосилавии такмили ихтисос ва бозомўзӣ бо истифодаи марказҳои интернетӣ бо Китобхонаҳои миллии Русия, Қазоқистон ва Узбекистон;
  • таҳияи усулҳои нави худомўзии кормандони соҳаи китобдорӣ;
  • таҳияи барномаҳои таълимӣ вобаста ба тахассуси китобдорӣ ва доир намудани курсҳои такмили ихтисос вобаста ба вижагиҳои соҳа;
  • такмил додани нақшаю барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисоси кадрҳои китобдорӣ ва роҳбарикунандаи китобхонаҳо;
  • пешниҳоди лоиҳаҳо аз ҷониби шунавандагони курсҳои такмили ихтисос бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи тахассусии шунавандагон ва омўзишу тарғиби таҷрибаи пешқадами соҳа. 

Омўзгорони Марказ бештар ба таҳлил ва ҷустуҷўи роҳҳои беҳтар намудани сифат ва самаранокии курсҳои такмили ихтисос ва ҷустуҷўи роҳҳои беҳтар намудани он бобати баланд намудани маҳорати касбии шунавандагон кўшиш ба харҷ медиҳанд.

Бо ин мақсад дуруст ба роҳ мондани бозомўзии китобдорон аҳамият ва нақши Маркази такмили ихтисос басо бузург мебошад. Марказ дар самти ташкили курсҳои кўтоҳмуддати такмили ихтисос барои кормандони китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва доир ба масоили омўзиши таҳлили таҷрибаи муфиди китобдорӣ аҳамияти махсус медиҳад.

Аз ин ҷост, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти китобдорӣ” соли (2003) қабулгардида,  самтҳои асосии рушди фаъолияти китобдориро муайян намудааст.

М.Каримов,
Маркази такмили ихтисос                   

 

 

Барчаспҳо: