Рӯзи ҷаҳонии китоб: Нигоҳе ба имрӯзи китоби кӯдак дар кишвар
Нашр шуд 2018-04-02 19:28
Ҳамасола ҷомеаи ҷаҳони таърихи 2-юми апрелро чун Рӯзи байналмилалии китоби кӯдак ҷашн мегиранд. Ҷашни мазкур ба ифтихори рўзи таваллуди Ҳанс Кристиан Андерсен, даромнависи даниягӣ, рабт мегирад. Таҷлили бошукӯҳи ин ҷашн ё худ Рӯзи байналмилалии китоби кӯдак дар соли 1967 аз ҷониби ташкилоти ғайритиҷоратӣ Шӯрои Ассотсиатсияи байналмилалии кӯдакон ва ҷавонон (IBBY) таъсис дода шудааст. Дар ин рӯз, дар бархе аз кишварҳо чорабиниҳои мухталифе роҳандозӣ карда мешавад, ки яке аз онҳо намоиши китоб ба шумор меравад. Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки яке аз марказҳои бузурги маърифатии кишвар маҳсуб меёбад, аз субҳи имрўз дарҳои бозро ба ин муносибат роҳандозии кардааст. Дар ин рўз дари ҳамаи шуъбаҳои китобхона ба рўи онҳое, ки бори нахуст меҳмон мешавад, боз буда, масълуону мутахассисон меҳмононро роҳнамоӣ намуда, роҳҳои ҷустуҷўи адабиёт ва дархости китобро нишон медиҳанд. Ҳамчунин ба ҳамаи онҳое, ки ба таърихи китоб ва китобхона дар Тоҷикистон мароқ зоҳир мекунанд, саҳифаҳои ин таърихро варақгардон намуда, онҳоро ба китобдорӣ дар кишвар ва сайри таърихии он ошно месозанд. Дар робита ба ин рўз андешаи чанде аз коршиносонро пурсон шудем, ки фишурдаи онро пешкаши Шумо мезозем. Ба андешаи Гадобег Маҳмудов - муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, роҳандозии чорабиниҳо дар ин рўз хеле муфид буда, ба ин восита метавонем китоби кўдакону наврасонро ҳарҷи бештар тарғибу ташфиқ намоем. Мавзсуф мегўяд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар вохўри бо зиёиёни кишвар, ки 19- марти соли равон баргузор шуд, масъалаи ҷалби хонадагон ба китобу китобхонаро такид намуда, зиёиёнро вазифадор намуданд, ки ҳарчи бештар китобҳоеро омода ва таҳия созанд, то эҳтиёҷоти маънавии кўдакону наврасонро бароварда созад. Ба андешаи Г. Маҳмудов, дар шароити имрўза адибони бачагона кўшиш карда истодаанд то эҳтиёҷоти кўдакону наврасонро қоне гардонанд. Вале ин ҳам кофӣ нест. Ба гўфтаи ў “осоре, ки имрўз ба нашр мерасанд, аз нигоҳи сифату ороиш ва ҳатто мазмун нисбат ба чанд соли пеш хуб аст, вале бо ин теъдоду номгўй мо сафи хонадагонро зиёд карда наметавонем. Ба ин хотир дар назди шуъбаи адабиёти кўдакону наврасони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ин масъала бояд ҷиддӣ таҳқиқ карда шавад ва тамоми қавваю нерўи худро адибони кўдакнавис ба ин масъала равона намоянд, зеро рўз аз рўз теъдоду таваҷҷуҳи хонандагон ба китобу китобхона бештар мешавад, дар ин росто масъалаи ниёзи хонандагон ба осори тозаэъҷоду пурмуҳтаво бештар мешавад”. Ба гуфтаи Муҳаммаднабӣ Баёнӣ, сардори Шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллӣ, агар ба нашри адабиёти кўдакона назар кунем, мебинем нашриётҳои мо дар интишори адабиёти кўдакона фаъоланд, вале дар ин росто масъалаи гаронии нархи адабиёт чизи дигар аст. Ў мегўяд, “бибинед нашриёти кўдакона ҳамасола теъдоди китобҳои зиёдеро интишор мекунад, ки хаҷман хурданд, вале муҳим он, ки таъсири хубе дорад ба кўдакон, вале он китобҳое, ки бо сифати хубу хаҷми бузургтар нашр мешавад, ба мисли ”Донишномаи кўдакон ва навросаон” бисёр китоби арзишмандест барои сайқал додани донишу ҷаҳонбинии кўдакон, аммо гаронии нархи он боис шудааст, ки на ҳама оилаҳо аз ҷумла кўдакон ба он дастраси пайдо намоянд”. “Масъалаи дигар ин дар сатҳи паст қарор доштани тарғибу ташфиқи китобҳои кўдакона аз тариқи симову садо мебошад”,- иброз медорад М. Баёнӣ. Ба андешаи номбурда, ҳамарўза он китобҳое, ки барои кӯдакону наврасон пешбинӣ шудааст, бояд аз тариқи телевизиону радио ва дигар воситаҳои ахбори омма тарғибу ташфиқ кунем ва дар ин масъала падару модар ва омўзгорон низ масъулият доранд, то кўдаконро харчи бештар ба китобу китобхони раҳанамои намуда, онҳоро бо китобҳои пурмуҳтавою тозанашр таъмин созанд. Ҳамсуҳбати дигари мо Назира Толибова - сардори Шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи милии Тоҷикистон мегўяд ҷиҳати ҷалби хонандагон ба китобхона махсусан тарғибу ташфиқи адабиёти кўдакона ва шуъбаи мазкур дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидои ва муассисаҳои то макатабӣ корҳои тарғиботиро бештар намуда, аз тариқи слайдҳо имкониятҳои шуъбаро ба хонандагону волидони онҳо пешкаш мекунем вале на ҳама волидон ин ҳамаро ҷиддӣ қабул мекунанд. “Агарчӣ дар шуъбаи мо ҳамарўза то 200 хонанда меояду аз хизматрасониҳои мо бархурдор мешаванд, вале ин ҳам кам аст. Зеро шуъбаи мо шароитҳои хуберо дорост. Дар баробари хизматрасониҳои анъанавӣ инчунин барномаҳои махсуси компиютерие низ вуҷуд дорад, ки барои хонандаҳо муфид аст. Агарчӣ хонандаҳои хурдсоли мо ҳарчи бештар таваҷҷуҳ доранд ба барномаҳои компиютерӣ, вале мо пеши онҳо шарт мегузорем, то китоберо мутолиа накунанд, аз барномаи компиютерӣ бархӯрдор намешаванд. Зеро мо мехоҳем таваҷҷуҳу дилгармии бештари хонадаи мо пеш аз ҳама ба китоб бошад”.
Абдураҳими Абдуқаҳҳор, мутахассиси Шуъбаи матбуоти дарӣ Аксбардор Хусрави Милод