Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ
Нашр шуд 2018-02-12 17:15
Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ яке аз шуъбаҳои асосии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти шуъба ин гузаронидани чорабиниҳои дар сатҳи байналмилалӣ буда ва қабули меҳмонон аз хориҷи кишвар мебошад. Маҳз ҳамин буд, ки тўли панҷ моҳи охир шуъба як қатор чорабиниҳои сатҳи байналмилалиро гузаронид. Яке аз он онҳо Нишасти IV-умини директорони Китобхонаҳои миллии давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ба шумор меравад. Дар ин нишаст меҳмонон аз кишварҳои узви созмони ёдшуда - Афғонистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Эрон, Покистон, Туркия, Туркманистон ва Ўзбекистон ширкат варзиданд. Дар ҳошияи ин нишаст боз бо яке аз кишварҳои узви созмон Ҷумҳурии Озарбойҷон Ёддошти тафоҳум ба тасвиб расид ва бо намояндагии шуъба меҳмононро дар сатҳи олӣ пешвоз гирифта онҳоро бо мавзеъҳои фарҳангии Тоҷикистон шинос намуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон 5 маркази фарҳангӣ амал мекунад, ки ҳамасола садҳо нафар хонандагон аз фарҳанги ин кишварҳо огоҳӣ ёфта, бо забони онҳо шинос мегарданд.
Шуъба алҳол бо 11 китобхонаҳои миллии кишварҳои хориҷ: Китобхонаи давлатии Русия, Китобхонаи миллии Белорус, Китобхонаи фонди Институти Шоҳи Ҷумҳурии Куриё, Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Халқии Чин, Китобхонаи Сафорати Ҷумҳурии Халқии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи Донишгоҳи забонҳо ва тамаддунҳо ба номи Булаки Порис, Китобхонаи Департаменти Китобхонаҳо, маъмурияти пойтахт ва шуъбаи рушди Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон, Китобхонаи Донишгоҳи Панҷоби Покистон, Китобхонаи маркази давлатии фарҳангии Вазорати фарҳанги Туркманистон, Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Чех ва Китобхонаи миллии Озарбойҷон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, бо чор кишвари дигар: Китобхонаи миллии Эрон, Китобхонаи миллии Ҳиндустон, Китобхонаи миллии Туркия ва Китобхонаи миллии Фаронса ин гуна муоҳадаҳо дар остонаи имзо шудан мебошанд.
Баҳри тақвият додани ҳамкориҳо моҳи сентябри соли 2017 директори Китобхона Абдусалом Мирализода дар анҷумани байналмилалӣ бахшида ба «500-солагии нашри китоби белорусӣ» дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус ширкат варзид.
Моҳи ноябри соли 2017 вохўрии ҳайати кории Ҷопон иборат аз Киёко Накаяма-аъзои шўрои Парлумон, Нобуҳико Шима - Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон ва Юнко Кошино-тарроҳи машҳури Ҷопон бо маъмурияти Китобхона баргузор гардид, Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ Ли Вучёл бо директори Китобхона мулоқот кард.
Соли 2018 бо пешниҳоди Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст, ба ин хотир, шуъба як қатор нақшаи чорабиниҳоро бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва якчанд ташкилотҳои баналмилалӣ дар Тоҷикистон ироа кардааст. Дар назар аст, ки шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ давоми соли 2018 ҷалби сайёҳони хориҷиро ба тариқи тарғибу ташвиқ зиёд намуда, чорабиниҳоро дар сатҳи олӣ таҷлил хоҳад кард.