Соли дувум аст,ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи декабр, яъне поёни соли мелодӣ – манзур мегардад.
Дар оғози Паёми имсолаи худ Пешвои миллат аз хавфу хатарҳо ва печидагиҳои ҷаҳони муосир ёдрас шуда, иброз доштанд,ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амнияти ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ ва қадамҳои устувор пеш меравад».
Пеш гирифтани чунин иқдом аз тарафи Пешвои миллат пеш аз ҳама моро ҳушдор медиҳад, ки чӣ корҳоро давоми соли сипаришуда анҷом додем ва барои соли дар пешистода тибқи дастуру нақшаҳо барои таъмин намудани зиндагии шоистаи мардум дар ҳама ҷодаҳо корҳоро анҷом додан зарур аст.
Дар робита ба иҷрои чи гуна кору вазифаҳо дар радифи Паёми солонаи Пешвои миллат ба Парлумони кишвар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки оинаи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, вазифаддор аст дар тарбияи ҷавонон, нигоҳдории осори пурғановати ниёгон ва олимони муосир, тарғиботи сиёсати оқилонаи илмӣ- фарҳангии Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва хизматрасонии бемайлон ба муштариёни ватанӣ ва хориҷӣ саҳми арзанда гузорад.
Едовар мешавем,ки сол аз сол имиҷи байналмилалии Тоҷикистон аз як тараф ҳамчун кишвари ташаббускор ва аз ҷониби дигар мамлакати босуботу пойдор шинохта шудааст. Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ дар ҳамаи чорабиниҳои сатҳи баланди давлатӣ мақоми муҳим дорад.
Моҳира Бахшова,
Сардори шуъбаи АБК