Омӯзгор: Бархе аз ҷавонони имрӯза ҳанӯз ҳам гумроҳанд...

16 нафар аз таҷрибаомӯзони Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи барномаи дарсии худ вориди Китобхонаи миллӣ шуданд ва бо шароити он аз наздик ошно гаштанд.

Омӯзгорон аз ҳар ноҳияи кишвар буданд ва баъзеи онҳо бори аввал аз Китобхонаи миллӣ дидан мекарданд. Онҳо мегуфтанд, қаблан аз нақлҳо шунидаву дар мақолаҳо дар бораи ин боргоҳи маърифат хонда буданд. Ва ҳоло бо он аз наздик ошно гашта, бори дигар бовар ҳосил намуданд, ки кишвар ба роҳи рушди фарҳангиву илмӣ дуруст пеш меравад. 

Бо ду нафар аз онҳо ҳамсуҳбат шудем ва таассуроташонро аз ин диду боздидҳо навиштем, ки ҳоло ин ҷо меорем.

Мирзоалӣ Абдуллоев, муовини Директор оид ба корҳои тарбиявии Литсеи рақами 1 шаҳри Истаравшан:

- Ман бисёр хушнудам, ки дар чунин шароит имрӯз фарзандони мо омада, аз Китобхона истифода мебаранд. Ростӣ, ин зебогиву баҳашаматии Китобхонаро дида бори дигар ба худ боварӣ ҳосил намудам, ки Тоҷикистони азизи мо низ дар радифи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон рушд карда истодааст. Қиёс намудам даврони донишҷӯии худамро бо донишҷӯёни имрӯза. Фарқ аз замин то самост имрӯз. Замоне, ки мо донишҷӯ будем, аз куҷо чунин имконоту шароит мавҷуд буд? Куҷо дар чунин курсиҳои бароҳату зебо мо менишастем. Вале бо вуҷуди ин ҳама мо аз сидқи дил мехондему илм меомӯхтем. Агар дар даврони мо чунин шароиту имконот мавҷуд мебуд, бояд мо ба мартабаҳои олӣ мерасидем.

Ман шахсан бо бархе аз илмомӯзони насли имрӯз он қадар мувофиқ нестам.  Зеро бархе аз ҷавонон бо вуҷуди ин қадар шароиту имконот  шавқу ҳаваси хондан надоранд. Ман гумон мекунам, ки бархе аз ҷавонони имрӯза ҳанӯзам гумроҳанду вақти хешро пайи дигар корҳои нолозим сарф мекунанд. Агар ҳар як ҷавон ҳанӯз аз даврони мактабхониаш дар вақти холигӣ ба ҷойи интернет-кафеву дигар ҷойҳо ба варзиш шуғл варзаду ба Китобхона ташриф орад, гумон мекунам, фирефтаи ҳар гуна ҳизбу созмонҳои ифротӣ намешавад.

Ҳасан  Мирзоев, омӯзгор аз ноҳияи Рашт:

- Ман  ҳамчун омӯзгор, ҳаминро гуфтаниям, ки банда имрӯз аз баъзе чизҳо дар бораи ин хазинаи маърифат хабардор набудам, дидам ва шоҳиди он гаштам, ки ин қадар шароити хуби мутолииаи китобу нашрияҳо муҳайё гардидааст. Ва ин ҳама бевосита бо дастгирӣ ва ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки пайваста дар баромадҳои худ нисбати ҷавонони ояндаи миллат таъкид мекунанд.

Яке аз толорҳое, ки бештар диққати маро ба худ  ҷалб намуд, ин толор барои нафароне, ки имконияташон маҳдуд аст, мебошад. Дар ин толор маҳсули дастони эшонро дида, ростӣ ба ҳайрат омадам. Хусусан, ҳамон дарахти гулеро, ки бо як маҳорати баланд бофтааст. Ростӣ, ҷавонписаре, ки чашмонаш бино нестанд, аммо дарахти гулро бевосита бо дастони худ омода кардааст ва инро дида дар ҳайрат мондам. 

 

Фарзонаи МИРЗО
Сайёра Каримова

Суратгир: Хусрави МИЛОД