Академик Собит Неъматуллоев
Аз ҷумлаи шинохтатарин олимони муосири кишвар аст, аввалин касест, ки системаи сеймсология дар Тоҷикистонро ба танзим даровард. Аз олимони сатҳи ҷаҳонӣ дар соҳаи сейсмологияи минтақавӣ ва муҳандисӣ ба шумор меравад.
Собит Неъматуллоев 16 –уми сентябри соли 1937 дар шаҳри Ўротеппа (ҳозира ш. Истаравшан) таваллуд шудааст. Олими тоҷик дар соҳаи сохтмони зилзилабардор, аъзо-корреспонденти Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон (соли 1972), муовини академик – котиби шуъбаи илмҳои физикаю математика ва геологияю химия, директори Институти сохтмони зилзилабардор ва сейсмологияи Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон.
Собит Ҳабибуллоевич Неъматуллоев — олим, доктори илмҳои техникӣ, профессор (соли 1949), академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (соли 1987, Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (солҳои 1988-1995), академики Академияи байналмилалии Мактабҳои олӣ (соли 1993), Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (соли 1998).
Собит Неъматуллоев соли 1961 Институти политехникии Сталинободро (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ) хатм кардааст, ихтисос – «сохтмони ба зилзила тобовар ва сейсмология».
Бо роҳбарии С. Неъматуллоев дар мамлакати мо аввалин озмоишгоҳ оид ба санҷиши зилзилабардории иншоотҳои инженерӣ ташкил карда шуд. Ў муаллиф ва ҳаммуаллифи зиёда аз 50 мақолаи илмӣ, аз он ҷумла 2 монография: «Схемаҳои ҳисобу китоби динамикии биноҳо ва лаппишҳои озоди онҳо» (соли 1971) ва «Проблемаҳои ҳозиразамони сейсмологияи инженерӣ ва назарияи зилзилабардорӣ» (соли 1976) мебошад; як қатор асарҳои ў ба забонҳои хориҷӣ низ чоп шудаанд. Узви бюрои Шурои байнисоҳавӣ оид ба сейсмология ва сохтмони зилзилабардори назди Президиуми Академияи фанҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, узви шурои илмию техникии зилзилабардории Комитети давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ оид ба корҳои сохтмон, муовини раиси сексияи идоравии байни Шурои сейсмология ва сохтмони зилзилабардори Осиёи Миёна ва Қазоқистон, узви хориҷии Институти тадқиқоти илмии сейсмологияи инженерии Амрико. Бо медал ва Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Солҳои 1988-1995 вазифаи масъул ва пурифтихори Президенти Академияи Илмҳои Тоҷикистонро иҷро кард.
Директори ифтихории Институти сохтмони ба зилзила тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон (соли 2004), сарходими илмии Институти сохтмони ба зилзила тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон (солҳои 1995-2010), сардори Муассисаи илмии «Хадамоти геофизикӣ»-и Академияи илмҳои Тоҷикистон (соли 2010) ва роҳбари ОО «РМР International», мудири озмоишгоҳи сейсмологияи минтақавии Институти сохтмони ба зилзила тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон.
Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: сейсмологияи муҳандисӣ, геология, сохтмони ба зилзила тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон (соли 2011). Вакили халқи Иттиҳоди Шӯравӣ (солҳои 1988-1991).
Собит Неъматуллоев аз олимони сатҳи ҷаҳонӣ дар соҳаи сейсмологияи минтақавӣ ва муҳандисӣ маҳсуб ёфта, ҷиҳати баланд рафтани нуфузи илми тоҷик кўшиши фаровон ба харҷ додааст. Бо ибтикораш дар Тоҷикистон таҳқиқоти илмӣ оид ба пешбинии зилзила, ба ҳисобгирии заминҷунбиҳои сахт ва ҳалокатовар, таъсири муҳандисию техникии инсон ба офатҳои табиат, санҷиши заминҷунбӣ тариқи таркишҳои зеризаминӣ, тобоварии иншооти муҳандисӣ ба зилзила, обанборҳои сунъӣ ва биноҳои истиқоматӣ ва ғайра гузаронида шудаанд.
Таҳти роҳбариаш дар Душанбе ва Норак гурўҳҳои муҳандисии сейсмологӣ таъсис ёфта, мавриди заминҷунбиҳои сахт ва пешбинии онҳо корҳои муфиди таҳқиқотӣ анҷом медиҳанд. Ў чандин сол раиси Маркази пешбинии заминҷунбиҳои минтақавии Осиёи Марказӣ ва Қазоқистонро ба зимма дошт, ҳамчун роҳбари экспедитсия дар таҳқиқоти сохтмонҳои барқии обӣ ва атомии Куба, Афғонистон ва дигар давлатҳо фаъолият кардааст, дар даҳҳо симпозиуму конфаронси минтақавию байналмилалӣ (Русия, ИМА, Фаронса, Олмон, Чин, Венесуэла,Куба, Эрон ва ғайра) суханронӣ кардааст. Саҳмаш дар тайёр кардани олимони ҷавон ниҳоят калон мебошад.
Мукофот:
Ордени «Нишони Фахрӣ» (соли 1981),
медали «Барои меҳнати шоён»,
Ба муносибати 100-солагии рўзи таваллуди В. И. Ленин»,
медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон»,
Ифтихорномаи Раёсати Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон,
Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (соли 1998),
медали П.Л. Капитсаи Академияи илмҳои табиатшиносии Русия,
Дорандаи Ҷоизаи Шўрои Вазирони ИҶШС (соли 1984)
Дар Китобхонаи миллӣ аз академик Собит Неъматуллоев ва дар бораи ӯ метавонед ин матолибро ҷӯё шавед:
Неъматуллоев, С. Барои президенти АИ РСС Тоҷикистон, муҳаққиқи асрори заминҷунбӣ Барфӣ // Илм ва ҳаёт. – 1989. – №1. – С.56.
Неъматуллоев, С. Имконияту пешомади илм: Мақсади президенти Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон // Агитатори Тоҷикистон. – 1989. – №16. – С.16.
Илмро ба дараҷаи сифатан нав бардорем: Маърузаи Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Собит Неъматуллоев аз маҷлиси умумии Академияи илмҳои республика // Газетаи муаллимон. – 1989. – 24 январ.
Неъматуллоев, С., Икромӣ, Ҷ., Орифов, Ҳ. Мушкилоти об ҳалпазир аст: Фоҷиаи баҳри Арал // Ҷумҳурият. – 2008. – 23 феврал.
Дар бораи Собит Неъматуллоев:
Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон: Дар бораи бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотондани рафиқ Неъматуллоев С. Ҳ. // Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон. – 1987. – №18. – С.7.
Дар Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон: Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон директори Институти сохтмони ба зилзила тобовар ва зилзиласанҷӣ аъзо-корреспонденти Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон Неъматуллоев С. бо грамотаи фахрӣ мукофотонид // Тоҷикистони Советӣ. – 1987. – 16 сентябр.
Таҳияи Истампулод Ормонов
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ