Зи ту, устод, моро сарбаландист

Зикр бомаврид аст, ки саҳми устод дар таҳияи як қатор барномаҳои соҳаи китобдорӣ «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015»,  «Барномаи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» ва ғайра бениҳоят назаррас мебошад.

Шукўҳи рўзгоронӣ, устод,
Сафои илму ирфонӣ, устод.
Ту  инсонро ба мақсад мерасонӣ,
Аҷаб хуршеди тобонӣ  устод.

Агар барои қабои сабз ба бар намудани замин баҳор лозим бошад, пас барои сабз гаштани таманнои инсон устод рамзи баҳор аст. Оре, бе устод кас наметавонад аз доираи тафаккури маҳдуд берун гашта, оламу  одамро  дарк намояд. Дар ин маврид шоир гуфтааст.

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,

Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.

Аз қадим бузургони илму адаб ба устод эҳтироми хоса дошта, дар мавриди зарурат ба ин шахсияти беназир муроҷиат мекарданд. Онҳо дар симои устод шахси донишманду фозил ва равшанзамиру барнодилро медиданд. Устоди аввалин шахсест, ки ба инсон хату савод омӯхта, дари бахту саодатро боз мекунад. Барҳақ, гузаштагони фозили мо ҳаққи устодро аз падар бештар донистаанд. Омӯзгор шахсияти бузург ва нотакрорест, ки бо чароғи ақл олами фикрии моро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро кашф менамояд. Зиндагӣ бори дигар собит сохт, ки давлати муаллим тарбияи шогирдон аст. Ў аз пешрафт ва комёбии эшон ифтихор мекунад. Хушбахтона, дар мушкилтарин даврони рӯзгори мо омӯзгорон ҳамеша дар хидмати халқу Ватан қарор доштанд. Ҳарчанд ба шароити гарони зиндагӣ рӯ ба рӯ омадаанд, аммо ҷасурона дар бунёди манораи ақлҳо саҳми шоиста гузоштанд. Яке аз ҳамин гуна шахсиятҳо Аълочии фарҳанг ва матбуотӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорандаи унвони мукофоти давлатии медали «Хизмати шоиста», омӯзгор, китобдор ва китобхонашинос Шосаидов Сафар  Ҳасанович мебошад.

Устод  воқеан аз зумраи олимонест, ки қисми бештари умри хешро дар самти омўзишу таҳқиқ ва баррасии масъалаҳои илмӣ ва мушкилоти рўзмарраи соҳаи китобдорӣ сарф намудааст. Ў омӯзгори асил, инсони поктинат, фурӯтан, ҷиддию серталаб ва ҳалиму меҳрубон мебошад. Вай ҳамеша барои омӯзонидани толибилмон мекушад, то ки онҳо босавод  гарданд.

Устод зодаи деҳаи Деҳманораи ноҳияи Масчоҳ (28.08.1957) мебошад. Соли 1981 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардааст. Солҳои 1981-1984 омўзгори кафедраи китобхонашиносии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, тарҷумони Қувваҳои сарҳадии  Кумитаи амнияти давлатии ИҶШС  (солҳои 1982-1983), аспиранти Донишкадаи давлатии фарҳанги Маскав (солҳои 1986-1989), муовини декани факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии ДДСТ ба номи М. Турсунзода (солҳои 1990-1992), раиси Шўрои илмӣ - методии факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ (1991-1993), омўзгори савхоз-коллеҷи ноҳияи Масчоҳ (солҳои 1993-2004), мудири кафедраи библиографияшиносии ДДСТ ба номи Мирзо Турсунзода, узви Шўрои олимони ДДСТ ба номи М.Турсунзода (солҳои 2004-2006), сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ – фароғатӣ ва ҳунарҳои мардуми Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2006-2014) Солҳои 2014-2017 мудири кафедраи Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони давлатӣ  буд.  

Зикр бомаврид аст, ки саҳми устод дар таҳияи як қатор барномаҳои соҳаи китобдорӣ «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015»,  «Барномаи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» ва ғайра бениҳоят назаррас мебошад. 

Сафар Шосаидов муаллифи беш сад китобу мақолаҳои илмӣ перомуни масоили китобдориву китобхонашиносӣ мебошад. Ў тули солҳо бо Китобхонаи  миллии Тоҷикистон ҳамкорӣ зич дорад ва фаъолият дастуру нишондиҳандаҳои «Ислам и молодежь» (1987), «Тарбияи атеистии ҷавонони деҳот» (1989), «Қаҳрамонони намемиранд» (1990), «Китоби Аҷам» (1993), «Менеҷмент ва маркетинги фаъолияти китобдорӣ» (2007), » Истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳо» (2007), «Хизматрасонии ғайримуқимии китобхонавӣ –иттилоотӣ» (2008), «Фаълояти китобдорӣ дар Тоҷикистон» (2010) ва  ғайра нашр намудааст.

Шахсияти ин марди хоксору хирадманд, одилу халқпарвар ва асилу сарбаланд басо ибратомӯз аст. Ў бар афроди сифла нокасону зиндагӣ ҳеҷ гоҳ тан надодааст, бори миннати дунонро боре ҳам накашидааст. Ҳар гоҳе, ки бо устод суҳбат мегузаронам. Аз суҳбатҳо бо он кас панд гирифтам, чунки устод бисёр хотираҳои нек ва омӯзанда доранд. Инчунин, қайд карданд, ки мо, омӯзгорон, ҳамон вақт хушҳол ва хушбахтем, ки самараи корамонро дар шогир­донамон  мебинем, ки барои Ватану миллати хеш хизмат менамоянд ва ҳамеша барои ободии Тоҷикистон саъю кӯшиш мекунанд. Барои ҷуброни меҳнати пурмашаққату дили саршори меҳру муҳаббати бузурги муаллим аз осмон ситора овардан, аз қаъри замин ганҷ бурун овардан, куҳҳоро паст сохтан, замину замонро гулзор кардан кам аст кам... 

Валиев Ҷамил,
корманди шуъбаи
нигаҳдории китоб

Барчаспҳо: