Дар Арманистон ҳаштумин семинари байналмилалӣ, ки ба технологияи нави ҳифзи осори чопии таърихӣ бахшида шуда буд, ба анҷом расид. Ширкаткунандагони он ба ҳамкориҳои бештари иктобхонаҳо ҷиҳати ҳифзи осори ниёгон таъкид карданд.
Дар осорхонаи Матендарами Ҷумҳурии Арманистон VIII–умин семинари байналмилалӣ «Ҳофизаи таърих. Технологияи навтарини ҳифз ва барқарорсозии мероси чопӣ” баргузор гардид, ки дар он намояндагони ниҳодҳои китобдори кишварҳои узви ИДМ ва хориҷ аз он иштирок намуданд. Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш Сармутахассиси шуъбаи нигаҳдории китоб Ҷамил Валиев намояндагӣ намуд ва дар мавзуи «Мероси ниёгони Китобхонаи миллии Тоҷикистон» суханронӣ кард.
Дар семинари мазкур масъалаҳои нигаҳдории фонди китобӣ, таъмиру тармими ҳуҷҷатҳо, истифодаи технологияи муосир доир ба фаъолияти нигаҳдори ҳуҷҷатҳо муҳокима гардид.
Ҳама иштирочиёни семинари мазкур, Роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Арманистон Лилит Макунтс, роҳбари семинар Ара Хзмалян ва дигарон ба ҳамкорӣ бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон изҳори таъкид карданд. Онҳо ҳамчунин иброз дтоштанд омодаанд дар тамоми самтҳои соҳаи китобдорӣ, библиографияшиносӣ, истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ дар фаъолияти кори китобхона ва ғайра бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд.
Дар ҷараёни семинар аз намоиши китобҳои Осорхонаи Матендаран дидан намудем, ки дар он китобҳои бузургони форсу тоҷик Саъди Шерозӣ, Абу Алӣ ибни Сино ва дигарон низ ҷой дода шуданд.
Маврид ба таъкид аст, ки дар китобхонаи миллии Арманист чун нишон аз дӯстии абадии Тоҷикисону Арманистон намоиши китобҳо бахшида ба Тоҷикистон таъсис шудааст.
Ҷамил Валиев,
сармутахассиси шуъбаи нигаҳдории китоб