Хоҳам эй, пардасози шоиста,
Парда то парда ҳамчу гулдаста.
З-устухони сафеди ман бошад,
Дастаи торат устухонбаста.
Чор мисраъ аз соядасти Бозор Собир ба ҳунарманди маъруф Ҷӯрабек Мурод. Ҷӯрабек Мурод касе нест, ки ба ошноӣ ниёз дошта бошад. Ин марди ҳунар муддати зиёд аз панҷоҳ сол аст, ки миёни мардум шуҳрат дорад ва имрӯз ҳам аз он шуҳраташ заррае коста нашуда.
Ҷӯрабек Мурод дар дохил ва хориҷи кишвар бо сурудҳои ноби нотакрораш дар миёни мардуми тоҷик ва кишварҳои гуногуни олам маъруфият пайдо кардаву, тавассути сафарҳои ҳунарии худ дилҳоро тасхир бахшидааст. Дар баробари сафарҳои дохилӣ ин ҳунарманди шоиста ҳанўз аз замони шўравӣ ба бисёр кишварҳои хориҷӣ: Австрия, Амрико, Афғонистон, Булғористон, Белгия, Ироқ, Канада, Эрон, Ҳинд, Сурия, Ҷопон ва ғайра сафар намуда, мусиқии «Шашмақом»-и тоҷикро хеле хуб муаррифӣ намудааст.
Имрўз маҳз бо ташаббуси Ҷўрабек Муродов бо мақсади тарбияи мутахассисон аз ҳисоби ҷавонони боистеъдод дар вилояти Суғд ансамбли шашмақомхонони «Нури Хуҷанд» амал мекунад, ки замина барои ҳифз ва рушди ин навъи мусиқии волои тоҷик маҳсуб мегардад.
Устод Ҷурабек Мурод дар мақоми классикӣ ва навоҳои халқӣ зиёда аз 150 суруди ҷаззоб офаридааст, ки аксарияти онҳо ба нота даромаданд. Ҷӯрабек Мурод дар баробари забони модарии худ ба забонҳои дигари хориҷӣ, аз ҷумла русӣ, қирғизӣ, туркманӣ, озарбойҷонӣ низ бо маҳорати баланд суруд мехонад: «Калинка», «Тумарим», «Элпесе», «Галбим санда дер» ва ғайраҳо.
Қобили зикр аст, ки имрўз аз ҷониби мусиқишиносону пажўҳишгарон ва ҳаводорони ин ахтари нотакрори мусиқии тоҷик як қатор китобҳои ҷолиб ба нашр расида, имрўз дар махзани китобҳои Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» маҳфуз аст: «Сурудҳои Ҷўрабек Муродов» (тартибдиҳанда ва ба нотагиранда Ҳ. Ҷумъаев нашриёти «Ирфон», соли 1982 ва нашриёти «Ношир», соли 2012) аз ду қисм иборат буда, дар маҷмўъ зиёда аз 200 суруд ва таронаҳои ӯро гирд овардааст.
«Ихлос ва сипос» (мураттиб Мавлоно Раҷаб, нашриёти «Матбуот», соли 2002), «Ҷўрабек Муродов» (мураттиб Мавлуда Шарифова, нашриёти «Нури маърифат», соли 2002), «Воломақом» (мураттиб Ҳакималӣ Назаралиев, нашриёти «Истеъдод», соли 2012) ёддоштҳо аз ширкат дар барномаҳои консертӣ, маҳфилҳо ва нишастҳои фарҳангӣ бо иштироки ин ҳунарманди шинохта ҳунари воло ва шахсияти нотакрор гирдоварӣ гардидааст, ки барои донишмандону пажўҳишгарон ва ҳаводорони санъати асили ин марди ҳунар дастури хубе маҳсуб мегардад.
Хоҳишмандон метавонанд, ин китобҳоро аз шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ дастрас ва мутолиа намоянд.
Зебинисо Сафарова,
Мутахассиси пешбари
шуъбаи адабиёт доир
ба фарҳанг ва ҳунар