Теъдоди хонандагони доимии Китобхонаи миллӣ рӯ ба афзоиш овардааст

Дар чор рӯзи аввали моҳи август 2 ҳазору 169 нафар хонандагон вориди толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ шудаанд, ки дар қиёс ба чор рӯзи аввали моҳи августи соли 2016 409 нафар зиёд аст.
Тибқи санҷишу ҷамъоварии маълумотҳои марбут ба омаду рафти хонандагон маълум гардид, ки аз 1-ум то 4-уми августи соли равон 2169 нафар хонанда аз шароитҳои мавҷудаи Китобхона истифода кардаанд.
Зарфи чор рӯзи аввали моҳи августи соли гузашта 1760 нафар ба Китобхона омадаву дар толорҳои хониш китобу маҷалла мутолиа кардаанд ва аз феҳристи китобҳои электронӣ истифода намудаанд.
Ҳоло, ки дар макотиб ва донишгоҳу донишкадаҳо таътили тобистона ҷараён дорад, толорҳои хониш ҳам чандон серодам нестанд. Вале қиёси омори вуруд нишон медиҳад, ки шумори хонандагони доимӣ рӯ ба афзоиш дорад ва инҳо касоне ҳастанд, ки новобаста аз таҳсил ҳам моил ба китобхонианд.
Маврид ба таъкид аст, ки дар давраи таътили тобистона дарҳои Китобхонаи миллӣ аз соати 8-и субҳ то 20 ва рӯзҳои истироҳат аз 8:00 то 19:00 ба рӯйи хонандагонаш боз аст.