Айниддин Гадозода – пажуҳишгар, журналист ва соҳибкитоб

Ҳоҷӣ Айниддин Гадозода барои хизматҳои бисёрсола ва заҳмату талошаш дар соҳаи матбуот, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоӣ бо унвон ва нишонаҳои сарисинагии «Аълочии матбуот», «Аълочии фарҳанг»-и Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Аълочии ҳифзи меҳнат»-и Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ҳамчунин бо ҷоизаҳои ба номи А. Лоҳутӣ ва Носири Хисрав дар соҳаи тадқиқоти журналистӣ ва насри бадеӣ қадрдонӣ гардидааст.

Ҳоҷӣ Айниддин Гадозода 19-уми июли соли 1956 дар деҳаи Ҳасанбегӣ маъруф ба диёри паҳлавонхези Ҷорубқул, ноҳияи Темурмалик, дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Ў маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифтааст. Фаъолияти эҷодиро ҳанўз солҳои шастуми асри гузашта, ҳангоми мактабхонияш ба сифати барандаи деҳот оғоз намуда, корро ба сифати шогирди ҳуруфчин соли 1963 дар рўзномаи «Навобод»-и ноҳияи Данғара оғоз кардааст. Солҳои 1970  то 1981 ходими адабӣ, мудири шуъба, котиби масъули рўзномаи «Барои коммунизм», мухбир-ташкилотчии радиои маҳаллии ноҳияи Совет кору фаъолият кардааст.

Айниддин Гадозода аз соли 1976 аъзои Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз соли 1990 роҳбарии ташкилоти ИЖТ-и ноҳия ва маҳфили адабии «Фитрат»-ро ба ўҳда дорад. Ў бо ифтихорномаи Президиуми Шўрои Олии РСС Тоҷикистон (соли 1976) ва мукофотҳои пулию  молӣ сарфароз гардидааст.

Ҳоҷӣ Айниддин Гадозода барои хизматҳои бисёрсола ва заҳмату талошаш дар соҳаи матбуот, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоӣ бо унвон ва нишонаҳои сарисинагии «Аълочии матбуот», «Аълочии фарҳанг»-и Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Аълочии ҳифзи меҳнат»-и Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ҳамчунин бо ҷоизаҳои ба номи А. Лоҳутӣ ва Носири Хисрав дар соҳаи тадқиқоти журналистӣ ва насри бадеӣ қадрдонӣ гардидааст.

Бояд гуфт, ки Айниддин Гадозода яке аз шахсиятҳои маъруф дар Ҷумҳурӣ махсусан дар Хатлонзамин ба шумор меравад. Номбурда солиёни зиёди умри пурбаракати хешро сарфи таълифи китобҳои таърихӣ, илмӣ ва бадеӣ намуда, то ба ин дам 12 адад асарашро пешкаши хонандагон ва ихлосмандони каломаш гардонида аст.

Ба қалами нависанда, муҳаққиқ, рўзноманигор ва шоири ширинсухан Айниддин Гадозода таълифоти гуногунпаҳлўе тааллуқ дорад, ки зикр кардани онҳо айни муддаост:

  1. «Дар соҳили Сурхоб»-1990,
  2. «Ворисони Оли Сомон аз Хатлонем»-1999,
  3. «Сипеҳри ҳафтод»-2000,
  4. «Ангораҳои таърихи халқи тоҷик ва даҳ соли ду аср»-2001,
  5. «Дар дилу дидаи мардум»-2003,
  6. «Сипари гунбади сипеҳр»-2004,
  7. «Сафою санои Шариф қаҳрамон»-2005,
  8. «Ориён рўшангарӣ Шарқ»-2006,
  9. «Ҳабиби Худо»-2010,
  10. «Қомусномаи Айн»-2011,
  11. «Ман аз Ҷарибкўлам»-2016,
  12. «Лаббайки мо сўйм Туст»-2017,

Бояд гуфт, ки аз миёни китобҳои фавқуззикр чаҳор китоб:«Сипеҳри ҳафтод» ё идомаи «Ворисони Оли Сомон аз Хатлонем», «Сафою санои Шариф қаҳрамон», «Ангораҳои таърихи халқи тоҷик ва даҳ соли ду аср» ва «Сипари гунбади сипеҳр» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вуҷуд дорад. Ҳамчунин қисмате аз мақолаҳои ўро низ пайдо кардан мумкин аст.  

Дар зер мехоҳам атрофи чанд китоби Айниддин Гадозода, ки банда бо онҳо дастрасӣ доштам маълумотедода бошам:

  1. «Қомусномаи Айн»  

Китоб ба тариқи фарҳангӣ (энсиклопедия) навишта шуда, он аз таърихи халқи тоҷик, аз таърихи ноҳияи Темурмалик (собиқ ноҳияи Қизилмазор, Совет ва Кангурт) ва инчунин аз ҳаёт ва фаъолияти фарзандони барўманди Тоҷикистон, ходимони сиёсӣ ва давлатӣ, сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, олимон, омўзгорон, шоирон, заҳматкашон, ҳунармандон, варзишгарон, топонимикаи маҳалҳо ва алалхусус аз дастовардҳои бузурги Ҷумҳурӣ ва мардуми ноҳияи Темурмалик ба қадри зарурӣ маълумот медиҳад.

Нависанда асари хешро «Қомусномаи Айн» номгузорӣ кардааст, ки он ба маънои маҷозии чашм, воқеияти пурракунии силсилакитобҳои пештараю номи муаллиф, ҳамчун китоби ягона ва таърихию фарҳангии ноҳия маҳсуб меёбад.

       2.   «Ман аз Ҷарибкўлам»

Асари дигари устод Айниддин Гадозода «Ман аз Ҷарибкўлам» аз шеъру қисса, панду андарзҳо, ифтихор аз Паёмбар (с), ифтихор аз Имоми Аъзам (р), ифтихор аз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, таърихи Наврўз, як песса, таърихи диёри кўҳанбунёди Ҷарибкўл-Ҳасанбегӣ (ноҳияи Темурмалик) ва инчунин бахши фарзонаҳои мардуми тоҷику узбек бо диди шоиронаи муаллиф қаламдод шудааст. Ҷарибкўл «Ҷорўбқул» бо паҳлавононаш овозадор буда, ин деҳаро ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов ба ҷаҳон боз ҳам машҳуртар кардааст.

        3.    «Лаббайки мо сўйи Туст»

Китоби тозанашри А. Гадозода «Лаббайки мо сўйи Туст» аз ниёиши муаллиф ба сўйи Парвардигор, ифтихор аз Паёмбар (с), Имоми Аъзам (р) ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, панду андарзҳо ва ғайра иборат мебошад, ки муаллиф бо салиқаи вижа таълиф намуда, пешкаши хонандаи закӣ гардонидааст.

Дар бораи устод А. Гадозода сухани гуфтанӣ хеле зиёд, аммо мехоҳам суханро бо як шеъри падарам Ҳоҷи Амриддин, ки дар васфи Айниддин Гадозода сароида аст, хотима бахшам:

Ман чӣ гўям, васфи фарзанди Гадо,

К-андарин раҳ кардааст худро адо.

Заҳмату шабзиндадориҳои ў,
Ҳаст умед, дилҳоро бахшад сафо.

Соли мо соли Имоми Аъзам аст,
Фиқҳи ў имони моро марҳам аст.

Ҳоҷӣ Амриддин гўяд бо ифтихор,
Публисисте чун Гадозода кам аст.

Ҳадиятуллоҳи АМРИДДИН
корманди шуъбаи дастхатҳои
Шарқ ва китобҳои нодир.

Барчаспҳо: