Ҷаласаи муштарак оид ба Қонуни танзим дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2017-07-27 17:47
Имрӯз қабл аз зӯҳр дар ошёнаи сеюми Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ширкати кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон чорабинии муштарак доир шуд ва ширкаткунандагонаш дар бораи 10 соли Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ карданд ва дар бораи зуҳуроти дигари ҷомеа – тақлид ба либоси бегонагон изҳори назар намуданд.
Дар ин вохӯрӣ намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Олуфтамо Бодурӣ ва Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарипов ширкат доштанд.
Профессор Сайфиддин Назарзода-Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар суханони ифтитоҳиаш гуфт: “Чӣ тавре ҳамаи мову шумо огоҳ ҳастем, масъалаи танзими расму маросимҳо, масъалаи либоси ягона барои муассисаҳои давлатӣ имрӯзҳо масъалаи мубрам шудааст. Бояд гуем, баъд аз қабули ин қонун, ки аллакай даҳ сол сипарӣ гардид, бисёре аз мушкилоте, ки дар ҳаёти иҷтимоии Тоҷикистон вуҷуд доштанд, нисбатан бартараф шуданд. Дар суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мавзӯъ ба таври муфассал баррасӣ гардида буд. Агар мо аз нуқтаи назари сарфакорӣ нигарем мебинем, ки сатҳи камбизоатӣ чӣ қадар поин омадааст. Ин ҳамаро метавон натиҷаи фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Сарвари давлати мо арзёбӣ намуд”.
Олуфтамо Бодурӣ - намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зикри он ки Қонуни танзим чи хубиҳо дошт ва сарфу хароҷоти беҳударо то куҷо поён дод, гуфт, “Яке аз сабабҳои қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон ба пайдо шудани равияҳои мазҳабии дорои хусусияти ифротидошта иртибот дошт. Тавре ба ҳамаи мову шумо маълум аст, имрӯз интихоби либос дар миёни духтарону занон озод буда, онҳо аз руи табъу завқ ва пайравӣ ба мӯд либос мепӯшанд. Мутаассифона, зуҳури баъзе намунаҳои бегонаи либоспӯшӣ, тақлид ба фарҳанги бегона зиёд шуда истодааст. Сатру рӯсариҳои сиёҳ ба либоси диние, ки имрӯз занону бонувони тоҷик мепӯшанд, ба фарҳанги либоспӯшии мо алоқамандӣ надошта, тақлиди бегонагон ва арзишҳои миллии дигарон аст ва он хатари аз байн бурдани маърифати хоси мардумро дар фарҳанги либоспӯши ба миён овардааст”.
Ёдовар мешавем, ки 11 - уми июли соли равон Асосгузори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоте бо фаъолони ҷомеа даҳ соли қабули қонуни танзимро таҳлил кард ва бурду бохти онро нишон дод.
Фарзонаи МИРЗО