Панҷ соли Маркази такмили ихтисос

Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар муҳлати панҷ соли фаъолияташ беш аз 842 нафар шунавандагонро ба курсҳои бозомўзии «Истифодабари технологияи муосири ит­тилоотӣ», «Библиографияшиносӣ», «Китобхонашиносӣ», «Тасни­фоти  даҳгонаи универсалӣ»  ва ғайра  ҷалб намуд ва ҳамаи онҳо баъди хатми давраҳои омӯзишӣ соҳиби шаҳодатномаҳо шуданд.

Пешрафти босуръати илму техника ва тех­нологияи муосиру  сиёсати кадрии  соҳаи китобдорӣ тақозо меку­над, ки имрӯз ба омода намудани мутахассисони соҳа вобаста ба тала­боти замона ҷавобгӯ равона карда шавад. Имрӯз дар ҷумҳурӣ на­расидани  кадрҳои соҳаи китобдорӣ ҳалли худро ёфта исто­да­аст, вале масъ­алаи ғайритахассус фаъолият намудани аксари кор­ман­дони китоб­хонаҳо ҳанӯз ҳам боқӣ мемо­над. Вобаста ба ин омилҳо дар назди Китобхонаи миллии Тоҷикистон зерсохтори Мар­кази такмили их­тисос ташкил карда шуд, ки он фаъолияти худро он аз моҳи апре­ли соли 2012 оғоз намуд ва раванди боз­о­мӯзии касбии он дар ассо­си иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳу­рии Тоҷикистон  ба роҳ монда шуд.

Ҳадаф ва вазифаҳои Маркази такмили ихтисос аз ташкил ва баргузории курсҳои такмили ихтисоси кормандони китобхона, таҳияи нақшаҳои таълимӣ, барнома ва дастурҳои таълимӣ, ҷамъ­оварӣ ва бунёди фонди маводи таълимӣ доир ба соҳаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ, созмондиҳии дастгоҳи маълумот­диҳӣ-библи­ографии чопӣ ва электронӣ иборат мебошад.

Фаъолияти Марказ дар самти ташкили курсҳои кўтоҳмуд­дати такмили ихтисос барои кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ дар КМТ ва китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нисбати омў­зиши таҷрибаи пешқадами китобдорӣ ва татбиқи низоми худкори раванди китобдорӣ- иттилоотӣ бо истифода аз технологияи нави иттилоотӣ- коммуникатсионӣ дар фаъолияти китобхонаҳо ба роҳ монда шуд. Марказ ҳамкории худро бо муассисаҳои таълимии киш­вар дар омодасозии барномаву дарсномаҳои таълимӣ, баргу­зории машғулиятҳои бозомўзӣ, курсҳои такмили ихтисос ва семи­нар-тренингҳо барои кормандони китобхонаҳо амалӣ менамояд.

Маркази такмили ихтисос дар муҳлати панҷ соли фаъолияташ беш аз 842 нафар шунавандагонро ба курсҳои бозомўзии «Истифодабари технологияи муосири ит­тилоотӣ», «Библиографияшиносӣ», «Китобхонашиносӣ», «Тасни­фоти  даҳгонаи универсалӣ»  ва ғайра  ҷалб намуд ва ҳамаи онҳо баъди хатми давраҳои омӯзишӣ соҳиби шаҳодатномаҳо шуданд.

Аз ҷониби ҳайати кормандони Марказ дар тулии панҷ соли фаъолият беш аз 20 семинар - машваратҳои сайёр, курсҳои боз­омўзи барои кормандони китобхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, Хатлон, Суғд ва тобеъи ҷумҳурӣ  бо китобдорон  роҳандозӣ шуд. Ҳамкории Марказ бо муассисаҳои фарҳангӣ ва китобхонаҳои ИДМ ва хориҷӣ кишвар низ боиси ифтихор мебошад.

Барои омўхтани таҷрибаи пешқадам  китобхонаҳои ҷаҳон зиёда аз 20 нафар кормандони Китобхонаи миллӣ ба Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Куриё, Чин, Қазоқистон, Белорус  ва Эрон фиристода шуданд.

Дар давоми фаъолияти Мар­каз беш аз 1153 нафар таҷрибаомўзон аз макотиби олӣ ва миёнаи касбӣ ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, муво­фи­қи барномаи таълимиашон дар шуъбаю марказҳои Китобхона таҷриба омўхтанд ва ба макотиби олӣ, миёнаи махсус, литсей, колеҷҳо равона гардиданд.

Марказ омода аст, ки фаъолияти кардрии соҳаи китобдории кишварро мавриди омўзиш қарор диҳад ва барои баланд гарди­дани сатҳи дониши касбии китобдорони Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо гузорад.

Барчаспҳо: