Зодрӯзи шоҳаншоҳи Сармаддеҳ
Баҳманёр аз зумраи маъруфтарин адибони муосир аст. Дар навиштани ҳикоя дасти расо дорад. Рустои тахаюлӣ бо номи Сармаддеҳ офарид ва як силсила ҳикоёти ҷолиберо аз ҳаёти мардуми он навишт, ки ба зеҳни хонандаи имрӯз хуб нишаст. Шояд аксари кулли ҳикоёташ бастаи ҳамин Сармаддеҳи хаёлист. Роман ҳам навишт бо номи “Шоҳаншоҳ”, вале ба иқрори худаш ин роман алҳол ҷойгоҳи худро дар адабиёт пайдо накард, чуноне ҳикояҳояшро мехонанд, романашро нахонданд.
Баҳманёр Арабзода Аминӣ 15-уми июли соли 1954 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ба дунё омадааст. Зодрӯзи ӯ ба ин хотир ҷои гап дорад, ки рӯзи марги яке аз шинохтатарин фарзандони халқи тоҷик устод Садриддин Айнӣ буд. Баъдҳо, вақте дар нишастҳои дӯстон сухан аз ин боб мерафт, бо шӯхӣ мегуфтанд: “Устод рафту он рӯз ту омадӣ ва бешак ҷои ӯро хоҳӣ гирифт”. Аммо мегӯяд дарёфти мақоми устод Айнӣ кори саҳл нест, вале рафтан бо роҳи ӯ худ муваффақият аст.
Баҳманёр дар хонаводаи деҳқон дида ба олам кушодааст. Модараш кадбону буд.
Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаро дар мактаби № 3 ба номи Надежда Крупскаяи шаҳри Панҷакат гирифтааст. Баъди хатми мактаби миёна ба факултаи забонҳои шарқи
Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил шуд ва риштаи забони арабиро хатм кард.
Дар пойтахти кишвар баъди хатми мактаби олӣ монданашро ба маслиҳати яке аз қаламкашони шинохтаи замон, журналисти матраҳи кишвар Шодӣ Саид иртибот медиҳад ва мегӯяд дӯстии ӯ бо писари марҳум сабаб шуд, ки бо Шодӣ Саид шинос шавад ва маҳз ӯ буд, ки тавсия дод аз пойтахт ба музофот наравад ва кӯшад ин ҷо монад ва ба кори эҷодӣ машғул шавад.
Шодӣ Саид баъдан дар сарнавишти ӯ нақши муҳим бозидааст, ки Баҳманёр бо муҳаббат аз он ёд мекунад. Бахусус, ба кор даромадан ба Кумитаи симо ва соҳиби манзил шуданашро низ марбут ба кӯмакҳои амалии Шодӣ Саид медонад.
Соли 1981 ба рӯзномаи тозатаъсиси “Маданияти Тоҷикистон” ба сифати хабарнигори фарҳангӣ ба кор даъват шуд.
Солҳои 1983-1985 дар Либия мутарҷими арабӣ ба русӣ ва русӣ ба арабӣ буд.
Баъди бозгашт ба ватан боз ба ҷои кори пешинаи худ, ки он замон нашрия “Маданияти Тоҷикистон” ба “Адабиёт ва санъат” табдили ном карда буд, ба кор идома дод. Баъдан мудири шӯъбаи насри маҷаллаи “Садои Шарқ” таъин шуд ва то соли 1992 дар ҳамин вазифа кор кард.
Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ночор буд аз пойтахт ба зодагоҳаш кӯч бандад. Мегӯяд як хонаи хуби панҷҳуҷраиро ба ивази як маблағи ночиз фурӯхту ба Панҷакат рахт баст. Шояд дигар умед надошт рӯзе ба пойтахт бармегардад. Ва дар ҳақиқат бозгаштанаш ба шаҳри Душанбе ҳудудан даҳ сол тӯл кашид. Соли 2002 аз Иттифоқи нависандагон даъват карданд. Омад ва муовини сардабири ягона маҷаллаи Иттифоқи нависандагони кишвар “Садои Шарқ” таъин гардид.
Оиладор ва соҳиби 4 фарзанд аст: ду писару ду духтар. Писараш Шаҳриёр ҳуқуқшиност аст. Исфандиёр дар Донишгоҳи технологӣ таҳсил мекунад. Яке аз духтаронаш бахши иқтисодии Донишгоҳоро хатм намуд ва ҳоло дар ҳамин ришта фаъолият дорад. Як духтараш дар айни замон аз муҳассилини мактаби миёна аст.
Аввалин ҳикояаш бо номи “Нозанини шӯх” дар “Маориф ва маданият” чоп шуд.
Мегӯяд устоди мушаххас надорад, яъне аз касе мушаххасан маҳорати насрнависиро наомӯхтааст. Мактаби насри худро мактаби адабиёти классикии тоҷик ва ҷаҳон медонад, ки чӣ дар гузашта ва чӣ ҳоло зиёд мутолиа мекунад.
Тахаллуси Баҳманёрро баъди мутолиаи китобе аз рӯзгори Абуалӣ ибни Сино интихоб кардааст. Дар он китоб Баҳманёр исми шоҳзодаест, ки ба гузаштаи худ менозад ва ҳаргиз фармони касеро иҷро намекунад ва аз ҷумла фармони устоди худро. Ин хислатро мувофиқ ба табиати худ дарёфтааст ва мегӯяд интихоби тахаллусе, ки баъдан ба ном табдил шуд, мувофиқ ба хислатҳои табии худи ӯ буд.
Асарҳояш дар шакли китоб бо номҳои зерин дар шаҳри Душанбе ба табъ расидаанд:
“Ишқи сайёд” (1984);
“Асби обӣ” (соли 1988);
“Дуди ҳасрат” (соли 1992);
“Сармаддеҳ” (соли 2002);
“Шоҳаншоҳ” (соли 2007).
“Сармаддеҳ”, қисми дуюм (соли 2014)
Як китобаш бо забони русӣ ва ҳикояву повестҳои ҷудогонааш бо забонҳои инглисӣ, фаронсавӣ, испонӣ, итолёӣ, эстонӣ ва ғайра чоп шудаанд.
Ҳоло машғули кор рӯи романи тозаест бо номи рамзии “Ғӯтях” мебошад.
Барандаи ҷоизаи ба номи устод Айнӣ аст.
Аз Баҳманёр ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин асарҳо ва мақолаҳоро метавонед мутолиа намоед:
Ишқи сайёд. – Душанбе: Ирфон. – 1984. – 88 с.
Аспи сафед. – Душанбе: Адиб. – 1988. – 190 с.
Аспи обӣ. – Душанбе: Адиб. – 1988. – 192 с.
Дуди ҳасрат. – Душанбе: Адиб. – 1993. – 256с.
Мусича. – Душанбе: Шарқи озод. – 2004. – 37с.
Шоҳаншоҳ. – Душанбе: Эҷод. – 2007. – 264 с.
Санги сабу. – Душанбе: Маориф ва маданият. – 2011. – 200 с.
Сармаддеҳ. – Душанбе: Истеъдод. – 2014. – 240 с.
Марги тортанак: Ҳикоя // Садои Шарқ. – 1981. – №7. – С. 86-90.
Одам чӣ хобҳое мебинад!: Ҳикояи ҳаҷвӣ – фантастика // Маданияти Тоҷикистон. – 1982. – 9 апрел.
Аспи зарринёл: Ҳикояи лирикӣ // Маданияти Тоҷикистон. – 1982. – 26 октябр.
Туфанги думила; Тобути маро кӣ мебардорад?: Ду ҳикоя // Адабиёт ва санъат. – 1985. – 10 октябр.
Соли малах; Нархи одам: Ду ҳикоя аз таърих // Адабиёт ва санъат. – 1986. – 22 май.
Холи Девзўр; Орзуи шикаста: Ҳикоя // Адабиёт ва санъат. – 1987. – 30 апрел.
Фариштамоҳ; Зан ва оина: Ду ҳикоя // Адабиёт ва санъат. – 1988. – 21 июл.
Илмзада: Ҳикоя // Илм ва ҳаёт. – 1989. – №1. – С. 23-27.
Бевамард; Бевазан: Ҳикоя // Адабиёт ва санъат. – 1990. – 5 апрел.
Каромати мулло Бухоризода: Ҳикоя // Адабиёт ва санъат. – 2001. – 13 июл.
Нўшина: Ҳикоя // Тоҷикистон. – 2001. – 20 сентябр.
Чилдурўғ дар танур: Ҳикоя // Адабиёт ва санъат. – 2006. – 16 феврал.
Шоҳаншоҳ: Роман // Садои Шарқ. – 2007. – №1. – С. 9-90.
Аз рўзгори мардуми номӣ: Искандари Мақдунӣ, Шайх Саъдӣ, Амир Олимхон, Исмоили Сомонӣ, Чингизхон // Адаб. – 2014. – №3 . – С. 73-75
Абри Осӣ: Ҳикоя // Садои Шарқ. – 2014. – №7. – С. 3-10.
Холдори сайёд; Сиз мулло: Ҳикояҳои хурд // Адабиёт ва санъат. – 2015. – 26 июн.
Ҷуръаи роҳ: Сарво // Садои Шарқ. – 2016. – №10 . – С. 69-75.
Дар бораи Баҳманёр:
Шарифов, Худоӣ. Мутафаккири касби хеш: Дар бораи эҷодиёти нависанда Баҳманёр // Адабиёт ва санъат. – 1988. – 9 июн.
Шафеъ, Б. Шаст соли худованди Сармаддеҳ: Нависандаи тоҷик Баҳманёр 60-сола шуд // Рўзгор. – 2014. – 9 июл.
Ноҳид. Барои Баҳманёр: Шеър // Омўзгор. – 2014. – 15 август.
Ҳасанов, Б. Баҳманёр ва як сарчашмаи зинати бозори сухан: Аз фаъолияти эҷодии нависанда Баҳманёр // Адабиёт ва санъат. – 2015. – 4 июн.
Рустам, М. Пайванди устураву воқеият дар ҳикоёти Баҳманёр // Озодагон. – 2015. – 24 июн.
Самарқандӣ, Ш. Сармаддеҳ сарзамини хотираҳо: Оид ба романи нави нависандаи соҳибсабки тоҷик Баҳманёр «Сармаддеҳ» // Адабиёт ва санъат. – 2016. – 12 май.
Таҳияи Ҳусния Назарова
корманди шуъбаи библиография миллӣ