Суханҳои ҳикматомӯзи Пешвои миллат чоп шуд

Дар нашриёти «Контраст»-и пойтахт ба забони тоҷикӣ китоби арзишманд таҳти унвони «Суханҳои ҳикматомўзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» дар ҳаҷми 464 саҳифа, бо теъдоди 500 нусха аз чоп баромад.
Гуфтанист, ки китоби мазкур дар сатҳи баланди фарҳанги табъу нашр ва бо истифода аз нигораҳои миллӣ мунташир шудааст.

Дар ин маҷмўа суханҳои ҳикматомўзи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мавзўъҳои мухталиф, аз ҷумла дар бораи истиқлолияти давлатӣ, сулҳу осоиш ва ваҳдати миллӣ, худшиносӣ, таърих, забони модарӣ, одобу ахлоқ, таълиму тарбия, занону бонувон, ҷавонон, ҷашни Наврўз, Конститутсияи ҷумҳурӣ, фароҳам оварда шудаанд.

Мураттиб ва муаллифи пешгуфтор доктори илмҳои таърих, мушовири калони дастгоҳи Сарвари Давлат Зафар Сайидзода ва сармуҳаррири китоб доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Русия Масрур Абдуллоев мебошанд.
Мураттибон умедворанд омўхтан ва дастури амал қарор додани ин нуктаҳои ҳакимона ва афкори баланди Пешвои миллат ба падарону модарон, устодони мактабу донишгоҳҳо ва мураббиёни муассисаҳои тарбиявӣ дар кори парвариши насли наврас, ки масъули ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамон мебошад, мусоидат хоҳад кард.

Шакли электронии “Суханҳои ҳикматомўзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» - ро ин ҷо мутолиа кунед.

Барчаспҳо: