Профессор Худоӣ Шарифов 80-сола шуд

Худоӣ Шарифов мунаққид ва муҳаққиқи илми адабиётшиносии тоҷик буда, 25 июни соли 1937 дар деҳаи Ҷорфи ноҳияи Дарвози Бадахшон дида ба олам кушодааст.

Соли 1961 ў факултаи таърихи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, ҳамчун омўзгори забон ва адабиёти тоҷик пазируфта мешавад. То соли 1966 ба ҳайси ёвари устод, яъне ассисенти кафедраи адабиёти шўравии тоҷик ба фаъолият мепардозад ва баъдан (1966) ба таҳсили рўзонаи аспирантураи назди кафедраи таърихи адабиёти тоҷики Донишгоҳ шурўъ намуда, шогирди наздики профессор Шарифҷон Ҳусейнзода мешавад.
Моҳи июни соли 1970 дар мавзўи «Ташаккули афкори адабии тоҷик дар асрҳои Х-Х1» рисолаи номзадиашро бо муваффақият дифоъ менамояд ва пас аз ҳафт сол рисолаи докториашро дар мавзўи «Масъалаҳои назарияи наср дар осори форсӣ-тоҷикии марҳалаи классикӣ» низ ҳимоя мекунад.

Аз соли 1989 то 1994 вазифаи мудири кафедраи фолклор ва усули таълими адабиётро ба ўҳда дошта, сарвари кафедраи таърихи адабиёти тоҷик мебошад. Чанд муддате декани факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии  миллии Тоҷикистон буд ва ҳамзамон раиси бахши танқид ва адабиётшиносии Иттиҳодияи нависандагони ҷумҳурӣ (1989-2003) буд.  

Солҳои зиёд ў узви Шўрои дифои рисолаҳои докторӣ дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии Академияи фанҳои Тоҷикистон ва муовини раиси Шўрои дифои рисолаҳои докторӣ дар Донишгоҳи миллӣ буд.

Энсиклопедияи саветии тоҷик, ҷ.8, с. 107.
Муаллиф А.Давронов
“Адибони Тоҷикистон”, Душанбе соли 2003, с. 669-670
Муаллиф Гулназар

Аз профессор Худоӣ Шарифов дар Китобхонаи миллӣ ин асару мақолаҳоро метавон хонд:

          Услуб ва камолоти сухан: Маҷмўа мақолаҳо. – Душанбе: Ирфон, 1985. – 176 с.

         «Каломи шеър» ва сухани омма //Адабиёт ва санъат. –1987. – 25 июн.

         Каломи бадеъ. – Душанбе: Маориф. – 1991. – 159 с.

         Заргари маънӣ: Ба муносибати 70-солагии Т. Неъматзода. –Душанбе, 1996. – 35 с.

Шоир ва шеър: Маҷмўаи мақолаҳо. – Душанбе: Адиб, 1998. – 217 с.

         Савти аҷам: Назаре ба аҳвол ва ашъори Мўъмин Қаноат. –Душанбе, 2002. –208 с.

         Назарияи наср дар адаби форси асрҳои 1У-1Х. –Душанбе: пайванд, 2004. –320 с.

         Назмшиносӣ. – Душанбе:Ҳумо, 2005. – 384 с.

         Маънавият ва ҷаҳони зоҳирӣ. – Душанбе:Дониш, 2012. – 174 с.

         Сездаҳ мақола. – Душанбе: Эҷод, 2013. – 237 с.

Дар бораи Худоӣ Шарифов

         Абдусаттор, А. Гарди домани мард: Ҷашновара // Адабиёт ва санъат. – 1997. – 18 июл.

         Гулназар. Худоӣ Шарифов //Адибони Тоҷикистон. –Душанбе, 2003. – С. 669-670.

         Давронов, А. Шарифов Худоӣ // Энсиклопедияи советии тоҷик. – Душанбе, 1988. – Ҷ.8. – С.107.

         Рафиқи мўҳтарам Худоӣ Шарифов: Соҳибҷашни мо //Адабиёт ва санъат. – 1987. – 25 июн.

Тоиров, У. Лаҳзаҳои пурсамари умр: Аз ҳаёт ва фаъолияти адабиётшинос, доктори илми филология, профессор Худоӣ Шарифов // Омўзгор. – 2012. – 29 июн.

Таҳияи Б. Қурбонова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ

Матлаби дигар дар бораи профессор Худоӣ Шарифов ин ҷост:
ҚОФИЛАСОЛОР
Ҷоизаи Саъдӣ имсол насиби Худоӣ Шариф шуд