Соҳиби “Девони зулф”
Зулфия Атоӣ (Атоуллоева Зулфия) 15-уми июни соли 1954 дар деҳаи Қалъаи Азими ноҳияи Ғончӣ дар хонаводаи омўзгор чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Дабистони деҳаи мазкурро хатм карда, соли 1970 ба факултаи забон ва адабиёти Универститети давлатии Тоҷикистон дохил шуд. Пас аз соле барои таҳсил ба шаҳри Маскав рафт ва дар бахши назми Институти адабии ба номи М. Горкий таҳсилро оғоз намуд. Соли 1977 баъди хатми Институти адабӣ ба шаҳри Душанбе омад ва то соли 1983 дар рўзномаи «Тоҷикистони советӣ” ( ҳоло «Ҷумҳурият») бо кори рўзноманигорӣ машғул гашт.
Аз соли 1983 то соли 1985 дар маҷаллаи «Занони Тоҷикистон» (ҳоло «Фирўза») ба ҳайси мудири шўъба, аз соли 1985 то соли 1990 дар ҳафтаномаи «Омўзгор» ҳамчун муовини сардабир фаъолият кардааст. Аз соли 1990 то соли 1993 дар хонаи машғули корҳои эҷодӣ ва тарбияти фарзандон буд. Ў аз соли 1993 сардабири Муассисаи давлатии маҷаллаи бонувон «Фирўза» буд.
Шеърҳои Зулфия Атоӣ ба забонҳои русӣ, инглисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, арабӣ, украинӣ, руминӣ, қирғизӣ ва ғайраҳо тарҷума гашта, дар баёзу китобҳои дастҷамъӣ рўзномаву маҷаллаҳои мухталифи кишварҳои дунё интишор гаштаанд.
Зулфия Атоӣ дар наср низ қувва меозмояд. Қиссаи ў «Ғамро намефурўшанд» ва дигар мақолоту ҳикоёташ дар қисми дуввуми дуҷилдаи «Зулфи парешон» гирд омадаанд. Аз соли 1979 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Соли 2010 ба унвони Шоири халқии Тоҷикистон сазовор шуд.
Соли 2011 барои саҳми арзанда дар густариши робитаҳои адабии Тоҷикистону Русия бо ордени «Дили Данко» сазовор донистаанд. Ҳамчун узви ифтихории Академияи байналхалқии фарҳанг, илм ва тиҷорати Санкт-Петербург интихоб гардидааст.
Дар сафи аҳли адабиёту фарҳанг ба кишваҳои Эрон, Покистон, Русия, Украина, Ҳоланд, Олмон, Гурҷистон, Амрико, Қазоқистон, Қирғизистону Туркманистон сафари эҷодӣ анҷом додаст.
Зулфия Атоӣ барандаи ҷоизаи Созмони ҷавонони ҷумҳурӣ (1995) мебошад. Соли 1997 бо ордени «Шараф» мукофотонида шуд. Аълочии маориф ва Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Соли 2005 ба Ҷоизаи Иттифоқи журналистон ба номи А. Лоҳутӣ сазовор дониста шуда буд.
Муаллифи китобҳои зерин аст:
«Ҷиҳоз» (1977)
«Дидор» (1980)
«Меваи сабр» (1982)
«Зочаи хушрўи ман» (1984)
«Духтари дарё» (1986)
«Ишқи як зан» (1992)
«Ситораи ваҳшӣ» (бо ҳуруфи форсӣ,1997)
«Ситораи Муштарӣ» (1998)
«Зан агар ошиқ шавад» (2001)
«Зулфи парешон» (дар ду ҷилд, 2002)
«Паррандаи баҳорӣ» (ба забони русӣ, 2004)
«Сояи зулф» (2005)
«Девони зулф» (2009)
Инчунин мураттиб ва муҳаррири китобҳои «Ахтари чархи адаб», «Дуруд, эй ишқ» ва ғайраҳост.
Бозчоп аз маҷмуаи “Зиндагӣ дар шеър”.
Мураттиб Шариф Комилзода.
Душанбе соли 2012.
Дар Китобхонаи миллӣ аз Зулфия Атоӣ ва дар бораи ӯ ин китобҳо ва мақолаҳоро метавон хонд:
Атоӣ, З. Сўгвории падар; Зочаҳои сангин: Шеърҳо // Наврўзӣ. – Душанбе, 1981. – С. 106-107.
Атоӣ,З. Ганҷи бебаҳо; Бархост: Шеърҳо // Наврўзӣ. – Душанбе, 1984. – С. 85.
Атоӣ, З. Чун ёри манастӣ; Заҳри хиёнат: Шеърҳо // Наврўз муборак – Душанбе, 1985. – 96-97 с.
Атоӣ, З. Духтари дарё: Шеър. – Душанбе : Ирфон, 1985. – 112 с.
Атоӣ, З. Меваи сабр: Шеърҳо / Барои бачаҳои синни миёна ва калони мактаб. – Душанбе: Адиб, 1988. – 64 с.
Атоӣ,З. Ишқи як зан: Шеърҳо. – Душанбе, 1992. – 160 с.
Атоӣ, З. Ситораи Муштарӣ. – Душанбе: Адиб, 1998. – 128 с.Атоӣ, З.
Тоҷикистон; Ба духтари меҳнат: Шеърҳо // Тоҷикистони советӣ. – 1984. – 8 март.
Атоӣ, З. Инсони худ соз; Қадри инсон; Дарё ва зан: Шеърҳо // Тоҷикистони советӣ. – 1985. – 7 июл.
Атоӣ, З. Забони оташин; Роҳи ман; Эҳсоли дил; Лабханди гул: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 1986. – 10 апрел.
Атоӣ З. Роҳи осмон; Номи ту: Шеърҳо // Газетаи муаллимон. – 1987. – 1 январ.
Атоӣ,З. Ман аз худ мешавам берун; Гилае аз Ҳофиз: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 1993. – 8 июл.
Атоӣ,З. Шакар; Шеър; Эй мавлои ман: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 2000. – 9 июн.
Атоӣ,З. Роҳи ҳаёт; Роҳи наҷот; Хотираҳо аз дафтари адиб // Адабиёт ва санъат. – 2015. – 5 ноябр.
Атоӣ,З. Тоҷикистон: Шеър // Молия ва ҳисобдорӣ. – 2015. – №9. – сентябр. – С. 4-5.
Атоӣ, З. Баҳор, дугонаи мо биё!: Шеърҳо // Фирўза. – 2015. - №3. – С. 3.
Дар бораи Зулфия Атоӣ
Зиёи,С. «Ишқи як зан»- и рустоӣ: Мавзўъи ишқ дар ашъори шоира Зулфия Атоӣ // Адабиёт васанъат. – 1993. – 8 июл.
Зиндагӣ дар шеър: Мақола мусоҳиба ва нигоштаҳо доир ба эҷодиёти Шоири халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ / Мураттиб Комилзода, Ш. – Душанбе: Адиб, 2012. – 248 с.
Ҳафизова, Ҳ. Ҳамеша пайи эҷод бояд буд: Шоираи халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ // Тоҷикистон. – 2014. – 12 июн.
Олимзода, К. Девони Зулф: Шеър ба Зулфия Атоӣ // Адабиёт ва санъат. – 2014. – 12 июн. Ҳафизов,Ҳ. Булбул аз қалъаи азим: Доир ба фаъолияти шоира ва рўзноманигори варзида Зулфия Атоӣ // Адабиёт ва санъат. – 2014. – 12 июн. Шеърдўст,В. Қимати шеър ва мақоми шоир: Бахшида ба ҷашни камолоти фарзанди фарзонаи диёри зебоманзараи ноҳияи Ғончӣ Зулфия Атоӣ // Адабиёт ва санъат. – 2014 . – 9 октябр.
Таҳияи Парвина Қаюмова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ