Ҳамаи хубиҳои инсон аз китоб аст
Зиёдшавии китоб ва рўз то рўз баландгардии мавқеи он дар рушду такомули ҷамъият, дар фаъолияти хонанда тағйирот ва дигаргунӣ ба вуҷуд овард. Ҳамаи ин бе чуну чаро ба худогоҳиву худшиносии миллӣ, ташкили давлатҳои мутамарказ ёрии маънавӣ расондааст. Халқҳои пешрафта дар истеҳсоли неъматҳои моддию маънавӣ афзалияти бештаре доштанд ва кўшиданд, ки дар истифодаи донишҳои мавҷуда ва истеҳсоли донишҳои нав шароити фаровон муҳайё созанд.
«Миллати мо бо китоб ва китобхонӣ, заковат ва маърифатнокии худ дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоиста касб кардааст».
/Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30 апрели соли 2007/.
Инсон дар тўли тараққиёти таърихии худ пайваста кўшидаст, ки ба муаммоҳои мухталифи зиндагӣ ҷавоб бигўяд, сирру асрори ниҳоии табиату зиндагиро ошкор намояд. Дар ҳамаи самтҳои фаъолият инсоният танҳо як мақсад мавқеи марказиро ишғол менамуд, ки он муҳайё сохтани шароити мусоид ва мувофиқ барои зиндагӣ буд. Нерўи фикрии инсон зарра-зарра таҷриба ҳосил мекард, ба ҳар як воқеа калиди кушоиши тадбир ҳосил мекарду аз эҷоди худ беҳтаринҳоро ба лавҳи хотир месупурд. Ба ҳамин тариқ, оҳиста- оҳиста ба инкишофи дунёи маънавии инсон китоб ба муқаддастарин васоити зиндагӣ табдил меёбад.
Китоб оинаест, ки мо дар он таърихи ҳаёту зиндагонии худамонро эҳсос менамоем. Китоб калиди дониш, махзани илм, дӯсту муниси ғамхор ва дунёи рангини маънавиёт аст.
Китоб муаллимест, ки ҳама чизро ба мо меомӯзад, раҳнамоест, ки моро аз бекориву беҳудагӯӣ дур месозад. Хар чӣ қадар, ки мо онро азизу мўътабар шуморем, он моро ба зинаҳои баланди илм, маърифат, инсофу одамият мекашад. Ҳар фарде, ки бо дилбастагӣ ва муҳаббат ба китоб рӯ меорад, ҳатман самараи дилхоҳ даст меёбад. Машҳуртарин мураббии ҳамаи мураббиёни олам, маъхази бузурги илм - китоб аст. Китоб дар ҳаёт чун омузгори ҳақиқии инсонҳо буда,армуғони бузургеро мемонад.
Китоб падидаест, ки тавассути мутолиаи он инсон аз бадахлоқӣ, муҳтоҷӣ, ғаму дард ва ғайраҳо озод мегардад. Дар ҳаёт тамоми бузургони олам чун Арасту, Афлотун, Хайём. Саноӣ, Рўдакӣ, Саъдӣ баринҳо маҳз тавассути мутолиаи ин маъхази бузург ба ҷое расидаанд.
Зиёдшавии китоб ва рўз то рўз баландгардии мавқеи он дар рушду такомули ҷамъият, дар фаъолияти хонанда тағйирот ва дигаргунӣ ба вуҷуд овард. Ҳамаи ин бе чуну чаро ба худогоҳиву худшиносии миллӣ, ташкили давлатҳои мутамарказ ёрии маънавӣ расондааст. Халқҳои пешрафта дар истеҳсоли неъматҳои моддию маънавӣ афзалияти бештаре доштанд ва кўшиданд, ки дар истифодаи донишҳои мавҷуда ва истеҳсоли донишҳои нав шароити фаровон муҳайё созанд.
Мутобиқ ба санадҳои меъёри ҳуқуқӣ соҳаи китобдорӣ ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, маълумот ва молу мулк метавонад истифодабарандаи Муассисаи Давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон шавад. Яке аз марказҳои муҳим, ки имрўз дар байни аҳли илму адаб, донишҷуён, мутахассисони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ обрў дорад, Китобхонаи миллии Тоҷикистон мебошад. Хизмати китобхона бахусус аз ибтидои фаъолияташ ба ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва дастраснамоии китобҳои қаламии форсу тоҷик ва дигар забонҳои Шарқ, нашрияҳои даврӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои гаронқимати дорои аҳамияти илмӣ, таърихӣ ва бадеии адибону муҳаққиқони дохилу хориҷи кишвар калон буда ва мавриди истифодаи истифодабарандагон қарор дорад. Имрўз дастурҳои методӣ – библиографии китобхона ба раванди тавонои иттилоотӣ табдил ёфта, талабот ва эҳтиёҷоти гуруҳҳои мухталифи хонандагонро ба китоб, сарчашмаҳои дигари ҳуҷҷатии ахбори илмӣ, иҷтимоӣ, техникӣ ва бадеӣ қонеъ мегардонанд. Муҳимтарин аз ҳама он аст, ки бо кӯшиш ва заҳмати эҷодии олимон китобхонашиносию, библиографишиносӣ ҳамчун соҳаҳои илм шинохта шудаанд. Аз ин рў теъдоди ҷавонҳои лаёқатманде, ки тақдири худро бо он доимӣ пайваст кардаанд, рўз то рўз зиёд мешавад.
Имсол ба таъсисёбии иморати нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон панҷсол пур шуд. Дар тули ин панҷ сол китобхона роҳи пуршараферо тай намуд. Китобхонаи миллии Точикистон дар радифи дигар китобхонаҳои мамолики мутаррақӣ кўшиш ба харҷ медиҳад, ки хидматрасониашро дар кӯтоҳтарин фурсат пурра ба талаботи замони муосир мутобиқ намояд.
Маҳмадшариф Каримов,
Ҷамил Валиев, Кормандони
Китобхонаи миллии Тоҷикистон