Толиб Хаскашев ва забоншиносии тоҷик
Нашр шуд 2017-06-07 09:29
Доктори улуми филологӣ, профессор, мудири пешини кафедраи забони муосири тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Толиб Наботович Хаскашев яке аз намояндагони варзида ва шинохтаи илми забоншиносии тоҷик буд.
Ҷаҳонбинии забоншиносии ў дар мактаби забоншиносии академик Л. В. Щерба, ки онро Мактаби фонологии Ленинград (МФЛ) меноманд,ташаккул ва сайқал ёфтааст.
Роҳи профессор Толиб Хаскашев дар илми забоншиносӣ ҳамвору наздик набудааст. Ў соли 1950 дар зодгоҳаш деҳаи Хизри ноҳияи Тавилдара ба мактаб қабул шуда, соли 1959 мактаби миёнаи ба номи Телмани ноҳияи Панҷро бо медали тилло хатм кард. Муддати як сол қобилияти худро дар касби муаллимӣ санҷид. Соли 1960 ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1962 чун донишҷӯи аълохон ҷиҳати идомаи таҳсил ба факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Ленинград фиристода шуд.
Профессор Толиб Хаскашев ҳамчун олими шинохта бо муассиса ва марказҳои забоншиносии ҷумҳурӣ фаъолона ҳамкорӣ дошт. Ў яке аз муаллифони Грамматикаи илмии забони тоҷикист, ки Академияи илмҳои ҷумҳурӣ таҳия ва тадвин кардааст.
Профессор Толиб Хаскашев ҳамчун олими омўзгор назарияи илмро аз амалияи он ҷудо намекард ва сайъ менамуд, ки дастовардҳои назариявии илмӣ дар амал татбиқ шаванд, дастраси шогирдон ва ҳаводорони забони тоҷикӣ гарданд.
Соли 1989 нашриёти «Маориф» китоби дарсии ўро бо номи «Фонетикаи забони адабии тоҷик» ба табъ расонд.
Ин китоб аввалин дастури муфассал ва савтиёти забони тоҷикӣ дар таърихи забоншиносии тоҷик аст, ки дар он тамоми падидаҳои овозии забони тоҷикӣ, мафҳумҳо ва категорияҳои фонетикӣ аз дидгоҳи забоншиносии муосир шарҳ дода шудаанд.
Забоншиноси варзида корҳои зиёди давлатию ҷамъиятиро ба ўҳда дошт. Ӯ аъзои садорати Комиссияи татбиқи «Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон», раиси гурўҳи кории таҳрири нави «Имлои забони тоҷикӣ» дар назди ҳукумати ҷумҳурӣ, муовини раиси комиссияи татбиқи забон дар назди ДДМТ, аъзои садорати Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ, котиби илмии Шўрои ҳимояи рисолаҳои номзадиву докторӣ дар назди ДДМТ, аъзои комиссияи экспертӣ доир ба ҷоизаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино, аъзои комиссияи АИ ҷумҳурӣ оид ба истилоҳот ва чандин Шўрову комиссияҳои хориҷӣ буд.
Профессор Толиб Хаскашев соли 2001 аз олам даргузашт.
Аз Толиб Хаскашев ва дар бораи ӯ метавонед дар Китобхонаи миллӣ ин китобҳо ва мақолаҳоро мутолиа намоед:
Хаскашев, Т. Фонетикаи забони адабии ҳозираи тоҷик – Душанбе, 1984. – 98 с.
Хаскашев, Т. Таклифи тозаи дастури муфид: Сифати китобҳои дарсӣ ва программаҳо // Газетаи муаллимон. – 1986. – 15 апрел.
Хаскашев, Т. Дилбохтаи касби худ: Ҳаёт ва фаъолияти номзади илми филология, дотсент Мансурҷон Маҳмудов // Ҷумҳурият. – 2000. – 27 июл.
Адабиётҳо
Лутфуллоев,М., Маҷидов, Ҳ. Марди таҳқиқ: Аз ҳаёт ва фаъолияти олим Толиб Хаскашев // Садои мардум. – 1997. – 27 июн.
Абдураҳмонова М. Толиб ҳамеша бо мост:Ёде аз ҷавонмарди закитаъбу ҳозирҷавоб омўзгор, профессор Толиб Хаскашев // Омўзгор. – 2013. – 28 июн.
Таҳияи Сабоҳат Иброҳимова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ