Сивучор нафар кормандони Китобхонаи миллӣ, ки ахиран давраи омӯзишии комуптериро хатм карда буданд, соҳиби шаҳодатномаҳо шуданд.
Дар Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллӣ боз як давраи омўзиши донишҳои комютерӣ ба анҷом расид. Дар ин муддат кормандон дарсҳои компутериро аз рўи барномаҳои MS - Word, MS- EХEL, Intepnet EХplorer бо муваффақият хатм намуданд.
34-нафар кормандони Китобхонаи миллӣ соҳиби сертифакат гардиданд.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Сайфиддин Назарзода, ки дар маросими эътои шаҳодатномаҳо ҳузур дошт, омӯзишҳои компутериро талаби замон хонд ва гуфт барномаҳое, ки тӯли ин муддат омӯзонида шуданд, барои пешрафти кор дар Китобхонаи миллӣ кӯмаки
амалӣ мерасонанд.
Вай боз гуфт, ки «Мо дар оянда кӯшиш мекунем сатҳи дониши компутерии кормандонро бо назардошти технологияи муосир боло барем. Як роҳи расидан ба ин ҳадаф омӯзиши пайваставу фарогир аст”.