Нуҳ нафар кормандони китобхонаҳои донишгоҳҳои аграрӣ ва техникии Тоҷикистон бо хатми давраи кутоҳмуддати сайёри омӯзишӣ соҳиби шаҳодатнома шуданд.
Ин давраи якмоҳаи омӯзишӣ дар мавзуъи «Фаъолияти китобдорӣ - иттилоотӣ» баргузор шуд ва дар он кормандони китобхонаҳои Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Академик Муҳаммад Осимӣ ширкат карданд.
Ба ширкаткунадагони давраи омӯзишӣ кормандони пуртаҷрибаи Китобхонаи миллӣ дарс гуфтанд ва онҳоро бо дастовардҳои китобдорӣ дар ҷаҳон ва Тоҷикистон ошно намуданд.
Аз ҷумла, истифодаи технологияи муосир дар фаъолияти китобхонаҳо, таъсиси китобхонаҳои электронӣ, навгониҳои соҳаи китобдорӣ ва ғайра мавзуъҳое буданд, ки мавриди баррасӣ дар дарсҳо қарор гирифтанд.
Пас аз хатми давраи омўзишии такмили ихтисос ба 9 нафар китобдорони китобхонаҳои донишгоҳҳои ёдшуда шаҳодатномаи Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд.
Сурайё Одинаева,
корманди Маркази такмили
ихтисоси Китобхонаи миллӣ