Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллиф

Боз як рӯзе, ки китобро таблиғ мекунад ва дар радифи он ёдовар мешавад, ки муаллифони китоб ҳақу ҳуқуқҳое доранд. Рӯзест, ки одамон ба ҳамдигар китоб метавонанд туҳфа кунанд ва дар баъзе мамолик ноширон ва тоҷирон ба харидорони китоб садбарг ҳам туҳфа мекунанд. Ва боз: рӯзест, ки ҳамасола як шаҳри олам Пойтхати ҷаҳонии китоб барои як сол интихоб мешавад.

Ҳамасола рӯзи 23-уми апрел чун Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллиф ҷашн гирифта мешавад. Албатта, ин як ҷашни рамзист, аммо дар ин рӯз як зумра аз удабои шинохта ва маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ аз қабили Уилям Шекспир, Мигел де Сервантес, Инка Гарсиласо де ла Вега, Морис Дрюон, Ҳалдоур Лакснесс, Ҷ. Пла, Мануэл Мехиа Валхео ё ба дунё омадаанд ва ё аз олам рафтаанд.
Соли 1995 дар Порис Конфронси генералии ЮНЕСКО доир шуд ва қатори чанд масъалаи дигар роҷеъ ба ҳуқуқи муаллифон ҳам баҳс кард. Дар ҳамон Конфронс қарор шуд, ки 23-уми апрел ба хотири эҳтиром ба муаллифон ва асарҳои онҳо Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳақи муаллиф эълон шавад. Ҳамзамон ҷоизаи ЮНЕСКО барои таблиғи ғояҳои таҳаммул дар адабиёти кӯдакон ва наврасон низ таъсис шуд.
Дар қарор омада буд, ки дар ин рӯз кишварҳо бар он талош кунанд, ки намоишҳои китоб ташкил кунанд, то таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба омӯзишу мутолиа ҷалб шавад. Маҳз китоб аст, ки бо воситаи он инсонҳо на танҳо дониш меомӯзанд, ахлоқ меомӯзанд, балки ба арзишҳои умумиҷаҳонии ахлоқ, зебоӣ ва дастовардҳои эҷодӣ ошно мешаванд.
Аслан анъанаи Рӯзи китоб зодаи шаҳри Каталонии Испаниёст ва аз соли 1923 дар ин рӯз тоҷирони китоб хостанд ба поси хотири Мигел Сервантес, Инка Гарсиласо де ла Вега ва Уилям Шекспир ярмаркаи густардаи китоб созмон диҳанд. Дар ин шаҳр анъанаи дигар ҳам ҳоким шуд. Ҳар касе 23-уми апрел китоб мехарид, барояш як дона гули садбарг ҳам туҳфа мекарданд.  Ва баъдан ЮНЕСКО ин анъанаро дар дастури кории худ қарор дод ва барномае таҳия кард бо номи “Китоб ва садбарг туҳфа намо”.
Китобҳо интиқолдиҳандагони биминнати ғояҳои тамоми асрҳо аз насл ба насланд ва аз мутолиаи онҳо инсонҳо ҳам ба таърихи рушди ахлоқи башар ва ҳам бо тавсеъаи ҷомеаи башарӣ дар тӯли асрҳо ошно мешаванд. Китоб ин даричаи ошноӣ бо ҷаҳон аст, бо фарҳанг ва тамаддуни башарист. Бо таҷлили ин рӯз мо бояд ба нақши китоб дар ҳифз ва ғанигардонии фарҳанги ҳамаи давлатҳо таваҷҷуҳ кунем. Дар мамолики гуногуни олам дар ин рӯз намоишҳои китоб, рӯнамои китобҳои нав, хонишҳои умумӣ баргузор мешаванд.
Анъанаи дигаре, ки аз соли 2001 идома дорад, дар ин рӯз аз шаҳре ном бурда мешавад, ки унвони Пойтахти ҷаҳонии китобро сазовар мегардад ва ин унвон муддати як сол барои он шаҳр боқӣ мемонад ва соли дигар ба шаҳри дигар дода мешавад. Пойтахти ҷаҳонии китобро ЮНЕСКО ва се ташкилоти касбии ҷаҳонии нашри китоб – Иттиҳоди байналмилалии ноширон, Федератсияи байналмилалии анҷуманҳо ва созмонҳои китобхонаӣ ва Федератсияи байналмилалии савдои китоб муайян мекунанд.
Аз соли 2001 шаҳрҳои  Мадрид (Испаниё, соли 2001), Александрия (Миср, соли 2002), Деҳлии Нав (Ҳинд, соли 2003), Монреал (Канада, соли 2005), Турин (Итолиё, соли 2006), Богота (Колумбиё, соли 2007), Амстредам (Нидерланд, соли 2008), Бейрут (Лубнон, соли 2009), Любляно (Словенӣ, соли 2010), Буэнос Айрес (Аргентин, соли 2011), Ереван (Арманистон, соли 2012), Бангкок (Таиланд, соли 2013), Порт-Харкорт (Нигериё, соли 2014), Вротслав (Лаҳистон, соли 2016), Конакри (Гвинея, соли 2017) дар дарёфти унвони Пойтахти ҷаҳонии иктоб ноил шудаанд.
Чуноне дида мешавад, аз миёни ҳамаи кишварҳои пасошӯравӣ танҳо Еревани Арманистон аст, ки соли 2012 соҳиби ин унвон шудааст.
Китобхонаи миллӣ низ аз ин рӯз бо роҳандозии як намоиши китоб ёд кард.