Баргузории рўнамоии китобҳои Анастасия Новых “Китобҳое, ки мӯъҷиза эҷод мекунанд”

Санаи 22 –юми апрели соли равон соати 14 00 дар Толори “Осорхона”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси  шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ рӯнамоии китоби Анастасия Новых таҳти унвони “Китобҳое, ки мўъҷиза эҷод мекунанд” доир гардид.

Бо сухани ифтитоҳӣ мудири шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ Тавфиқ Баротов  баромад намуда, меҳмонон ва аҳли ҷамъомадагонро хайрамақдам гуфт ва аз эҷодиёти адиб ва файласуфи намоёни рус Анастасия Новых чанд сухане қайд намуд.

Дар ин рўнамоӣ донишҷўён аз Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Маскави ба номи М. В. Ломоносов ва Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ширкат доштанд.

Баъдан, Павел Ладайкин меҳмони ин рӯнамои китоб ва мутахассиси пешбари шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ Шукурова Бимола дар хусуси рўнамоии китобҳои Анастасия Новых баромад намуданд.   

Дар охир китобҳои ў тариқи филм намоиш дода шуданд.

Ёдовар мешавем, ки  Анастасия Новых  аз соли 2009, ки аввалин китобаш аз силсилаи “Исконный Шамбалы» чоп шуд, маъруфият пайдо кард. Вай муаллифи китоби сарнавишти “Сенсей” буда, ҳамчунин асари “Пешгӯии оянда ва ҳақиқат дар бораи гузашта ва оянда” мебошад.

Аммо ҳарчанд чун нависанда маъруф аст, вале сарнавишташ то кунун махфӣ мондааст. Дар бораи зиндагиномаи шахсии нависанда амалан чизе рушан нест. Бисёре аз сарчашмаҳо  ӯро чун рассом ва нависандаи рус муаррифӣ меукунанд. Вале хонандаи закӣ баъди мутолиаи китобҳояш дармеёбад, ки вай на рус, балки бонуи украин мебошад, ки русӣ менависад. Чун дар муколамаи қаҳрамонҳояш ибораҳои рехтаи украинӣ ва гуфтумони шавқовари хандадори украинӣ зиёд ба кор меравад.

Вале аз ин ҳама ҳам гузарем, Анастасия Новых дар миёни адибони муосир аз пурхонандатаринҳост. Асарҳояш хеле ба зудӣ ба фурӯш мераванд ва қаҳрамонҳояш миёни хонандагон ба зудӣ маъруфият пайдо мекунанд.

 Масъул:  Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ

Барчаспҳо: