Ин ҳафта низ аз ноширони икшвар ба сифати нусхаҳои ҳатмӣ чанд номгӯ китоб ба Китобхонаи миллӣ ворид шуд, ки дар айни замон барои ба шуъбаҳои дахлдор тақсим кардани онҳо коркард мешавад. Китобҳа аз нашриётҳои “Контраст”, “Ирфон”, “Хуросон”, “Балоғат” ва ғайра мебошанд. Аз ҷумла:
Тоҷикистон кишвари пешсаф дар ҳалли масъалахои глобалӣ вобаста ба об. – Душанбе: Контраст, 2018. – 344с.
Дар маҷмуаи мазкур натиҷаҳои корҳои илмию таҳқиқотии олимону мутахассисони соҳаи оби Чумхурии Точикистон, ки дар муассисаҳои гуногуни илмию истеҳсолии ватаниву бурунмарзӣ кору фаъолият мебаранд, дар шакли маколаҳои илмӣ ҷамъоварӣ ва пешниҳод карда шудаанд.
Русский язык. (Учебное пособие переработанное и дополненное). – Душанбе: ТГИЯ. – 2018.– 300 с.
Дастури илмӣ баро идонишҷӯён ҷиҳати дарсҳои амалӣ оид ба омӯзиши имлои забони русӣ.
Мирзоалиев, А.А., Рахимов, Г.М. Развитие инструментариев формирования и использования доходов населения.– Душанбе: Ирфон, 2018. – 184. Монография.
Разведка: ҷосусҳо, муҳорибаҳо, суиқасдҳо. – Душанбе, 2018. – 303с. Китоби мазкур ба хонанда дар бораи пайдоиши разведка ва нахустин разведкачиён, ки барои ғалабаи артиши миллиашон ҷонбозиҳо намудаанд, маълумот медиҳад. Ҷолибу хонданист.
Масъалаҳои мубрами филология: маҷмуаи мақолаҳои аспирантон, докторантон ва магистрантон. – Душанбе: Лингвапарк, 2018. – 286с.
Маҷмуа мақолаҳои аспирантон, докторантон ва магистрантони Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистонро фаро гирифта, барои муҳаққиқони забоншинос ва доираи васеи хонандагон пешниҳод шудааст.
Боқиева, Г. Бахшандаи эҷоз. – Душанбе: Адабиёти бачагона, 2018. – 64с. Маҷмуаи шеърҳо.
Назри Яздонӣ. Ойини ойина (Аҳвол ва осор). – Хуҷанд: Хуросон, 2018. – 420с. Аз саргузашт ва эҷодиёти Шоири халқии Тоҷикистон Назрӣ Яздонӣ ҳикоят мекунад.
Назризода, Д. Дипломатическая служба Республики Таджикистан. – Латвия, 2018. – 330с. (Монография) .
Боқиев,Ҳ., Қосимов, С., Муҳаммадхоҷа, Н. Адабиёти Юнону Рими бостон. – Душанбе: Паёми ошно, 2018. – 192с. (5 нусха).
Ин китоб ба сифати дастури таълимӣ барои омӯзиши фанни таълимии адабиёти Юнону Руми бостон таълиф шудааст. Дастури мазкур марҳилаҳои асосии ташаккул ва рушди адабиёти Юнону Руми қадим ва бузургтарин шоирону нависандагон ва драматургони ин адабиётро ба таври мухтасар шарҳу эзоҳ медиҳад.
Ғулом, З. Табаддулот. – Душанбе:Балоғат, 2018. – 240 с.
Асари номбурда барои кормандони мақомоти қудратӣ ва ҳаводорони каломи бадеъ пешниҳод мешавад, зеро ки аз ҷиҳати ахлоқию иҷтимоӣ аҳамияти беандозаро ба худ касб намудааст.
С. Иброҳимова,
Мудири бахши таҳлил ва ташхис