Асари мазкур як навъи каллиграфия (хушнависӣ, хатшиносӣ) буда, тамоми матни он аз аввал то охир бо хати зебою хонои настаълиқи майдаю калон бо ранги сиёҳ дар коғази картонии ҳозиразамон навишта шудааст. Аз ҷумла, дар варақе аз Мир Алишери Навоӣ, ки ба фармоиши Ҳумоюн Султон Ҳусайни Бойқаро иҷро шудааст, оварда мешавад.
Ҳангоми таҳлил ва боздиди нусхаҳои хаттии махзани шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир дастнависе ба назар расид, ки зоҳиран мисли як навъ баёз аст ва он аз ҷониби хаттоти зарринқалами номаълуме китобат шудааст. Дар ин асар порчаҳое аз таълифоти бузургони адабиёти классики қарнҳои X-XVII ва намояндагони маорифпарвари адабиёти тоҷику ўзбеки асри XIX ва ибтидои асри XX хўшачинӣ шуда, нусхабардорӣ шудаанд.
Дар ин нусхаи нодир аз назму насри Абўали ибни Сино, Ҳофизи Шерозӣ, Сайидои Насафӣ, Салмони Соваҷӣ, Зебуниссо, Бобо Соиб, Ҳайрат, Фитрат, Мустариб, Саҳбо, Роҷӣ, Мунзим, Асирӣ, Назмӣ, Мавлоно Шариф, Мирзо Азими Сомӣ, устод Садриддин Айнӣ ва дигарон намунаҳо оварда шудаанд.
Инчунин дар баъзе аз саҳифаҳои маҷмўаи мазкур зери унвони Аҳмад Махдуми Дониш як ғазал, ду таърих, як рубоӣ, як қитъа ва қасидаи «Теъдод-ул-фазоил»-и маорифпарвар, ки ҳамагӣ 51 байтро дар бар мегирад, гирд омадаанд.
Ин асар бо ашъори боқимондаи Аҳмади Дониш муқояса шуда, маълум гашт, ки аз гуфтаи боло як ғазал ва ду таърих бо хонандаи имрўзаи тоҷик ҳанўз маълум нест.
Дар ин дастнавис, ҳамчунин таърихи ҷулуси подшоҳи Бухорои шариф, таърихи вафоти шайх Сайфиддини Бохарзӣ, таърихи вафоти худи Мир Аҳмади Авроқ (Аҳмади Дониш) ва дигарон пешкаш шудаааст.
Инчунин асари мазкур як навъи каллиграфия (хушнависӣ, хатшиносӣ) буда, тамоми матни он аз аввал то охир бо хати зебою хонои настаълиқи майдаю калон бо ранги сиёҳ дар коғази картонии ҳозиразамон навишта шудааст. Аз ҷумла, дар варақе аз Мир Алишери Навоӣ, ки ба фармоиши Ҳумоюн Султон Ҳусайни Бойқаро иҷро шудааст, оварда мешавад.
Ин нусхаи хаттӣ соли 1967 аз ҷониби сокини шаҳри Душанбе Сафар Ҷӯраев дастрас гардида, таҳти рақами 1713 а/б ҳифзу нигоҳдорӣ мешавад.
Бозёфт махсусан барои онҳое, ки ба таҳқиқу омўзиши таърихи хат сару кор доранд, аҳамияти калон дорад.
Сардори шуъбаи дастхатҳои
Шарқ ва китобҳои нодир
Раҷабалӣ ДОДИХУДОЕВ