Зиндагиномаи пандомӯзи як собиқадор

Зиндагиномаи иштирокчии фаъоли Ҷанги Бузурги ватанӣ, ташкилотчии моҳири истеҳсолот, иқтисоддон ва шахсияти фарҳангӣ аз ноҳияи Фархор Зайниддин Наҷмиддинов  намунаи ибрат аст. Мавсуф тамоми умр бо дасту дилу нияти пок захмат кашида, номи хешро ба некӣ дар дили мардум ба ёдгор гузоштааст.

 Китоби “Камназир”, ки муаллифи он Аскар Абдусамадов мебошад, ҳамчун очерки таърихи-бадеӣ дар бораи ҳаракати муҳоҷирати мардуми кўҳистон аз ноҳияи Ховалинг ба хориҷи мамлакат, аз ҷумла ба Афѓонистон дар солҳои 20-30-юм ва ба навоҳии Кўлобу Восеъ ва Фархор дар солҳои 20-30-юми садаи ХХ маълумоти кофӣ медиҳад.

Китоб барои наврасон ва хонандагони синни калони мактаби тавсия дода мешавад.

Файзидин Қурбонов,

сармутахассиси шуъбаи маркетинг ва

 менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.