Аз субҳ то ба ин соат шабакаҳои иҷтимоӣ лабрез аз арзи тасаллият ба яке аз фарзандони донишманду инсони саропо меҳр Алишери Муҳаммадист. Аллакай ин тасаллияту ин меҳрномаҳо шояд ба садҳо саҳифа расидаанд. Рафтани соҳибдиле чун Алишери Муҳаммадӣ сода нест. Марги ӯ садҳо нафарро гирёндаву садҳо тани дигарро аз ҷумлаи пайвандону дӯстонаш дар сӯг нишонда. Алишери нотакрор, ҳамкори ҳалиму донишманди мо дигар миёни мо нест. Рисолаи доктории ӯ нонавишта монд,
Яке аз нишони розомезе, ки дар ҳунари гулдўзии минтақаи Кўлоб ё дар ҷўробҳои бадахшӣ дида мешавад, рамзи чалипост, ки гардунаи Меҳр низ гўянд. Ин нишони розомез дар рўи матоъ, тоқӣ ё ҷўробу, кандакориҳо тасвир меёбад. Он як навъ аломати рамзӣ буда, аз давраи қадим то имрўз истифода мешавад. Ба ин навъи нақш бештар ҳунармандони мардумӣ таваҷҷуи зиёд доранд. Дар байни мо тоҷикон анъанае вуҷуд дошт, ки тасвири чалипои шикаста – свастика ё гардунаи Меҳрро
Бе падар мумкин аст шуд маълум,
Чун Масеҳо зи Марями маъсум.
Лек бе модари хуҷаставуҷуд,
Валадеро нагуфта кас мавлуд.
Амир Хусрави Деҳлавӣ
Аз замони бостон то имрўз зан-модар дорои мақому мартабаи баланд ва дар тамоми фаъолияти ҳамарўзаи зиндагӣ то ҷое бо мард баробар буд.Дар номаҳои бостон аз мақому мартабаи волои
Ишқ пуле миёни инсон ва Худост ва ин пул дер замоне аст, ки шикастааст. Аз дили ҳар инсон ба сўи Худо роҳе аст, ки розҳо ва ҳақоиқро бевосита метавон дарёфт кард. Башар ин роҳро дар ғубори худхоҳӣ ва худбоварӣ гум кардааст. Мавлавӣ дасти инсони саргаштаро мегирад ва дар байт байти ашъори худ ба ишқ раҳнамоӣ мекунад. Ишқе, ки Мавлоно ба инсон муаррифӣ мекунад, аз таваҷҷуҳ ва дилбастагӣ ба мазоҳири инсонӣ оғоз мешавад, аммо рў ба
Муборизаи қаҳрамононаи мардуми Афғонистон барои истиқлолият диққати мардуми тараққипарвари дунёро ҳама вақт ба худ ҷалб намудааст. Ҳамчунин, рўз то рўз таваҷҷўҳи бештаре ба таърихи фарҳанги ин кишвар ва ҳолати имрўзаи он дода мешавад.
Дирӯз, 10-уми октябр дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рўнамоии китоби «Шоири як шеър» (Намунаи шеъри ҷавон) баргузор гардид. Дар ин маҷмўа як намуна аз шеъри Шобегим Маликшоева бо унвони «Ишқи сода» дар баробари шеърҳои дигар шоирони ҷавон рўи чоп омад.
Ишқи сода
Эй асиру пойбанди хотирот,
Ҳалқаи занҷири ёдат канда шуд.
Шишаҳои ҳасрати ёдат шикаст,