маркетинг ва менеҷмент

Созу сӯзи ранги зиндагӣ. Сарсухани донишманди тоҷик Нуралӣ Нурзод ба китоби Қурбонқул Ҳасанов “Рангу бӯйи зиндагӣ”

Дар баҳси чистиву чигунагии шеър ва фазову вақт, замону макони милоди ин отифаи руҳонӣ бисёр гуфтаанду  гуфтаем,  зеро дар осори қадиму ҷадид тафсирҳои фаровоне бар асоси ҳамон омилҳои замониву маконӣ, ҳиссиву маърифатӣ ҷой дорад, ки мо бар асоси онҳо ба тақозои пешаи омӯзгорӣ дар донишгоҳ ба суолҳои донишҷуён посух додаем ва бештар аз ҳама ба пурсиши  ҳамешагии онҳо, ки шеър чист? Ба қавли устод Рӯдакӣ «баҳра гирифтан аз таҷрибаи рӯзгор» ва пайванду иртибот бо инсонҳо ҳамоно воқеияти он шинохтанҳои ниёи моро аз шеъру шоирӣ ва шарҳу тафсири он фаровон бароямон омӯхтааст.

Китоби нав. Зариф Ғулом: «Мори сафед”

Ин китоб ба тозагӣ нашр шудааст ва ҳамин ду-се рӯз пеш вориди Китобхонаи миллӣ шуд. Дар муаррифии китоб омадааст, ки дар таърихи адабиёт нависандае нест, ки ба навниҳолони боғи ҳаёт асар наофарида бошад. Анъанаи ба хуртаракон ва наврасон бахшидани асарҳои бадеӣ аз сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ба мо нависандагон мерос мондааст. Пасон адибони забардастамон Сотим Улуғзода ва Пӯлод Толис бо истеъдоди нодири худ ин жанри адабиро ба пояи баланди маҳорат бардоштаанд.

Дар маҷмўаи пешниҳодшуда ёздаҳ ҳикоя ва қиссаҳои адиб Зариф Ғулом гирд оварда шудааст, ки он ҳодисаю воқеаҳои

Китоби нав. Рид Томас Майн. Ғуломони Озод

Ин китоб ахиран дар чопхонаи “Хирадмандон” чоп шудааст ва муаллифи тарҷума Саидмурод Расулӣ буда, муҳаррири он Мубашшир Акбарзод аст. Муаллиф муқаддимаи китобашро “Ҷазираи чашмаҳо” номидааст ва дар он сабаби навишта шудани ин китобро ин гуна шарҳ додааст:

Ман ҳамчун оворагарди бехонумон дар баҳрҳои Ҳинди Ғарбӣ дар киштиҳо шино карда, тасодуфан ба халиҷи  Монтего-Бей расидам. Рў ба рўям халиҷи бузурги нимдаврашакле доман паҳн карда, дар соҳилҳои он куҳҳои баланди ҷангалзор тўл кашида буданд. Дар домани ин куҳҳо шаҳр ҷойгир буд. Аз байни анбўҳи дарахтони сабзи хурмо, норҷил, лимў, тут, анҷир, буттаҳои харбузаи навдаҳояшон бо ҳам печида,

Китоби нав. Шарифбек АЗИЗӢ. АСАРҲОИ МУНТАХАБ. Қисми 3

Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Шарифбек АЗИЗӢ майори милисаи мустаъфӣ буда, солҳои зиёдест, ки асарҳои бадеӣ менависад. Соли 2007 ба узвияти Иттифоқи нависандагони  Тоҷикистон пазируфта шудааст. Муаллифи китобҳои «Дурахши алмос» (нашриёти «Деваштич», 2004), «Порикоб» (нашриёти «Деваштич», соли 2006), «Парвоз» (нашриёти «Сифат», 2007» мебошад. Дар ин китоб қиссаҳои «Ҷосус», «Дурахши алмос», « Оҳ Тамара!», «Порикоб», «Пораи қанд», « Парвоз « ба нашр расидаанд. Повестҳои «Ҳодисае дар бўстонсаро», «Асарои мунтахаб» нашр гардиданд.

Дар ҳаммуаллифӣ бо бародараш Ҳокими Азиз силсилаи романҳо

Чоҳи беҳуда накан рўи раҳи Хайрандеш...

Нашриёти “Ношир”-и шаҳри Хуҷанд ахиран китоби нави шоири маъруф Хайрандешро бо номи “Ҳамешабаҳор” (Китоби аввал) бо ҳуруфи крилӣ ва форсӣ аз чоп баровард. Ба назар мерасад муаллиф талош кардааст беҳтарин нигоштаҳои худ аз нимаи дуюми солҳои 80 асри гузашта то ба имрӯзро гулчин ва интишор диҳад. Хайрандеш бунёдгузори маҳфиле бо ҳамин ном аст, ки ҳоло иборат аз се қисмат ё се маҳфил бо номҳои “Ҳамешабаҳор”, “Равшандилон”, “Дунёи китоб” дар Китобхонаи миллӣ гардон мебошад. 

Хайрандеш (Қурбонов Хайриддин Шарифович) 4 апрели соли 1961 дар деҳаи Чагами Болои ноияи Шамсиддини Шоҳин (собиқ

Дар як сол 211 нафар дар давраҳои омӯзишии забонҳои хориҷӣ ширкат ва соҳиби шаҳодатнома шуданд

Соли 2020 дар марказҳои забономӯзии Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон  350 нафар барои омӯзиши забонҳои мухталиф номнавис шуданд ва 211 нафар давраҳои омӯзиширо хатм карданд. Онҳо бештар касоне буданд, ки барои дохил шудан ба мактабҳои олии кишвар омода мешуданд. Дар миён донишҷӯён ва хонадагони мактабҳои миёна низ буданд. Шавқи хонандагон бештар ба омӯзиши  забонҳои русӣ, забони олмонӣ, забони кореягӣ ва

Страницы