«Шоме дар китобхона» - зери чунини унвон ҳар ҳафта дар Китобхонаи миллӣ маҳфил доир мешавад
Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар якҷояги бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе «Маҳфили адибони ҷавони навқаламу эҷодкор»-ро таъсис додаст, ки ҳар ҳафта рӯзи сешанбе дар барномае зери унвони «Шоме дар китобхона…» бо ҷалби ҷавонону наврасони соҳибистеъдод, адибону навқаламони ҷавон ва ғолибону иштирокчиёни озумуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи донои китоб аст» баргузор мешавад. Ба иттилоъи дастандаркорон маҳфили мазкур бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳандозӣ гардидааст. Тавре зикр мешавад дар маҳфил масъулони соҳа дар бораи тартиби баргузори ва шшитриок дар озмун суҳбатҳо намуда ба суолҳои иштирокчиён посух медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» миёни тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакат) доир мегардад.
Озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи феврали соли 2020 то моҳи декабри соли 2020
- даври якум моҳи апрел дар муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту муассисаҳои деҳот ва шаҳрак;
- даври дуюм моҳи июн дар маркази ноҳия ва шаҳрҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе);
- даври сеюм нимаи дуюми моҳи сентябр дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон , вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;
-даври чорум – ҷумҳуриявӣ барои ғолибони даври сеюм то 10 декабр дар муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» гузаронида мешавад.
Озмун аз рӯйи панҷ номинатсия баргузор карда мешавад:
- адабиёти классикӣ;
- адабиёти муосир;
- адабиёти бачагона;
- адабиёти ҷаҳон;
- шоирӣ.
Бояд гуфт ҷиҳати амалӣ намудани Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 1 646 400 (як миллиону шашсаду чилу шаш ҳазору чорсад) сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардид. Шоҳҷоизаи асосии озмун 60 000 сомонӣ муайян гардидааст.
Мақсад аз он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии мамлакат мебошад.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР
Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳо фарҳангӣ.