Рафиқи муҳаллои инсон
Нашр шуд 2017-02-22 12:03
Тибқи таҳқиқоти олимони дунё ва мушоҳидаҳои дақиқи муҳаққиқони барҷаста маълум мешавад, ки афзалияти зиндагии инсонҳои рўи олам бешак аз мутолиаи дурусти китоб аст. Тамоми нуфузу манзалати одам аз мутолиаи бемайлони китоб ва пайваста дастрас намудани рўзномаю маҷаллаҳои машҳури давлативу ғайридавлатӣ мебошад, ки ин ба донишманд гаштани шахс ёрӣ мерасонад.
Мутолиаи рӯзномаву маҷаллаҳо инсонро дар ҷараёни рӯйдодҳои олам қарор медиҳад, огоҳӣ аз сарнавишти ҷаҳон, ҳаводиси ахир дар кишварҳои мухталиф муҷиби огоҳӣ аз ҷараёни ҳаводис дар дунё мегардад. Ин аст, ки мегӯянд, “агар як рўз аз мутолиа дур мондӣ, сад сол қафо мемонӣ».
Дуруст аст, ки ба рўйдодҳои олам аз мутолиаи пайваста огаҳ мешавӣ. Ба ҳамин маънӣ наздиктар, агар ба кадоме аз сафирони давлатҳои хориҷӣ ва ё сайёҳон назар накунем, онҳо нахуст аз маконе дидан мекунанд, ки рушди фарҳанг ва ё ҳаддиақал талош барои тавсеъаи фарҳанг бошад. Андешае сари мо чарх мезанад, ки чаро интихоби эшон маҳз пеш аз ҳама соҳаи фарҳанг аст. Зеро маҳз тавассути фарҳанг миллат ва ё қавм дар дунё муаррифӣ мегардад. Маҳз ба воситаи фарҳанг пешрафти миллату давлатро баҳо медиҳанд.
Ҷаҳонгардони дунё ҳам вақте ба ин ё он кишвар меоянд, бештар ба тамаддуни қадимиву имрӯзӣ таваҷҷуҳ мекунанд. Барои саййёҳон сиёсатҳо муҳим нестанд, муҳим ёдгориҳои таърихӣ, амокини муқаддас, макони таърихӣ, манзараҳои дилпазир ва албатта, иншоотҳое, ки имрӯзиён сохтаанд.
Онҳо бештар чун туҳфа чизҳои нодирро бо худ мебаранд, чизҳоеро харидорӣ мекунанд, ки онро худ надоранд ва чун нишон аз тамаддуни миллате ё халқе, ки аз кишвараш дидан кардаанд, ба мамлакатҳои худ мебаранд. Инҳо гулдузиҳои бонувони мо, кандакории ҳунармандони мо ва ғайраву ҳоказоянд. Имрўзҳо кам нестанд аз сайёҳоне, ки маҳсули заҳматҳои олимону нависандагон, шоирон ва расомони мумтози миллати сарбаланди моро харидорӣ мекунанд.
Китобу китобдорӣ низ яке аз шохаҳои фарҳангшиносӣ мебошад. Ганҷинаи фарҳангу тамаддуни оламро тӯли асрҳои дароз ҳамин китоб ҳифз кардааст, кашфиётҳои бузургтарин маҳз дар саҳфаҳои китоб ғунҷидаву имрӯз чун меросит хаттӣ ба мо расидаанд. Ва мо имрӯз маҳз аз мутолиаи китобҳои қадима медонем, ки ниёконамон дар рушди тамаддуни башарӣ чӣ нақше доштаанд.
Таърихи имрӯзро ҳам барои ояндагон дар китобҳо хоҳанд навишт ва ояндагон ҳоли имрӯзиёну тафаккури эшон ва сатҳи дониши маърифати онҳоро аз китобҳояшон хоҳанд хонд.
Хулоса, китоб дар ҳеч давру замон қадру қиммати худро гум намекунад. Имрӯз агарчанде интернет ҳаст, технолоия рушд кардааст, вале боз ҳам ҷойгоҳи китоб дигар аст. Расолати маънавиву таърихии китоб дигар нашудааст.
Абдуғаюр Саломов, мутахассиси
шуъбаи маркетинг ва менеҷменти
фаъолияти китобдорӣ