Ганҷинаи иттилоот ва маълумотномаҳо ( Хазинаи бойгони иттилоот)
Нашр шуд 2017-02-07 17:14
Шуъбаи хизматрасонии библиографӣ яке аз сохторҳои асосии Китобхонаи миллии Тоҷикистон буда, фаъолияти худро аз соли 1938 шуруъ намуда, аз рўзи оғози фаъолият то ин ҷониб мақсади ниҳоии он ташкили хизматрасонии маълумотӣ, иттилоотӣ ва тавсиявии библиографӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошад.
Шуъбаи мазкур дорои сарчашмаҳои бузурги иттилоотӣ, энсиклопедияҳо, маълумотномаҳо ва луғатҳо бо забони русӣ мебошад. Истифодаи махзани (фонд)-и шуъба барои истифодабарандагон озод аст.
Самтҳои асоси фаъолияти шуъба чунинанд:
Имрўз фаъолияти шуъбаи хизматрасонии библиографӣ имконияти бештареро барои хонандагон фароҳам овардааст. Маҳз кормандони шуъбаи мазкур аввалин шуда мисли занбўри асал ангубин – мавод ҷамъ оварда, пешкаши гурўҳи васеъи хонандагон мегардонанд. Коргарони ин ганҷинаи иттилооти даргоҳи илму маърифат ҳамчун шўълапошоне ҳастанд, ки шахсони ба ин даргоҳи маърифат воридшударо пурнур менамоянд.
Суроғаи мо: 734024,ш. Душанбе, Кўчаи Теҳрон 5,
телефон 221-89-56; 221-06-45.
E-mail:info@kmt.tj Сомонаи интеретӣ www.kmt.tj