Дар як сол 3 ҳазору 528 нафар меҳмонони дохиливу хориҷӣ аз толори хониши кӯдакону наврасон дидан кардаанд. Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, ки масъули саёҳат дар Китохона аст, мегӯяд хоҳишмандони тамошои толори хониши кӯдакон бештар аз соли гузашта буд.
Саёҳат дар Китобхона як шохаи пурмасъулияти кори китобдорон аст. Навомадагонро бо толорҳои хониш, имконияту воситаҳо дар китобхона ошно мекунанд, онҳоро аз толоре ба толори дигар, аз бахше ба бахши дигар мебаранд ва вобаста ба ҳар бахшу шуъбаву толор муфассал маълумот медиҳанд.
Зарфи як сол 3 ҳазору 528 нафар бо толори кӯдакону наврасон ошно шудаанд. Аксари онҳе, ки ба шароити хониш дар ин толор мароқ зоҳир кардаанд, волидонанд, ки мехоҳанд дар оянда фарзандонашонро вориди он кунанд, то саргарми мутолиа бошанд.
Аксари меҳмонон сокиинони пойтахт буданд ва гуруҳеро меҳмонони хориҷӣ ва сокинони навоҳи атрофи Душанбе ва ноҳияҳои дигар кишвар ташкил медоданд. Қариб аз ҳамаи мактабҳои олӣ ва миёна хонандагон қабл аз он ки ба узвияти Китобхона худро номнавис кунанд, аз ин толор дидан кардаанд.
Ҳафтаи равон бошад бо ибтикори кормандони шуъбаи Маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ зиёда аз 100 нафар хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 88 ба Китобхона даъват шуданд, ки аксари онҳо баъди ошноӣ бо шароити китобхона ба он аъзо шуданд.