Соли 2016 4 ҳазору 487 нафар меҳмонони дохиливу хориҷӣ аз “Осорхонаи итобҳои нодир” дидан кардаанд.
Соли 2016 шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон 439 адад нусхаи хаттӣ ва китоби чопи сангиро барои харидорӣ аз аҳолӣ ҷамъ овард ва 225 адади он харидорӣ гардид. 120 адад нусхаи хаттӣ ба шакли PDF дароварда шудааст.
Ба толори хониш ва “Осорхонаи китобҳои нодир” 4487 нафар хонандагону меҳмонони дохилию хориҷӣ ташриф оварданд.
Илова бар ин 856 нусхаҳои хаттии фонди ин шуъба ба хотири нигоҳ доштан аз фарсудагӣ пурра варақгардон шуда, 298 нусхаи хаттӣ барои таъмиру тармим интихоб карда шуд. Шуъбаи таъмир ва тармим 1993 адад китоб ва 564 авторефератҳои фарсударо таъмир ва аз нав барқарор кард.