Бале, «Парфишон бод Парчами миллат»! Зери ҳамин унвон дар толори кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар аввал меҳмонон ва ҳайати гуруҳро аз номи раёсати Китобхонаи миллӣ, муовини директор Салима Раҷабова хайрамақдам гуфт ва баъдан чорабиниро хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51 ноҳияи Фирдавсӣ бо барномаи вежа рангин намуданд.
Инчунин дар чорабинии мазкур меҳмон аз Раёсати иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон, шоир ва нависандаи кўдакон Юсуфҷон Аҳмадзода иштирок намуда, доир ба мавзўи Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Ҷонишини директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51 Мунира Каримова низ дар бораи Парчам чун рамзи муқаддас ва нишони давлатдорӣ ҳарф зад.
Дар қисмати дигари барнома хонандагони муассисаи таҳсилоти умумии № 51 дар васфи Ватан, Тоҷикистон шеърхонӣ карданд ва рақсиданду суруданд.
Ин барномаи аз ҷониби телевизиони кўдакон ва наврасон «Баҳористон» ба навор гирифта шуд, ки рӯзҳои наздик намоиш дода хоҳад шуд.