Китоб табиби кулли дардҳост

Ҳафтаи ҷорӣ низ чорабинии анъанаии Даъват ба китобхона идома дошт. Як гуруҳ кормандони шуъбаҳои адабиёти хориҷӣ, адабиёти техникӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ, матбуоти даврӣ ва маркетинг ва менеҷмент ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи молия ва иқтисодии Тоҷикистон  ва  Колеҷи муҳандисию омўзгории Тоҷикистон, Колеҷи компютерӣ ва техникии Тоҷикистон рафтанд.
Намояндагони Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз ҷониби раёсатҳои донишгоҳу колеҷҳо хуб пазироӣ шуданд ва барои баргузории чорабинӣ мусоидат намуданд.
Маврид ба таъкид аст, ки мулоқот асосан бо донишҷӯёни соли аввал ин мактабҳои олӣ доир шуд, зеро ҳадаф низ ин буд, ки касоне, ки дар бораи Китобхона маълумот надоранд ва ё маълумоти кам доранд, бо шароит ва имкониятҳову зарфиятҳои Китобхона ошно карда шаванд.
Дар миёни донишҷӯёни ин мактабҳои олӣ кам нестанд афроде, ки аз хонандагони доимии Китобхонаи миллӣ мебошанд. Вале қисмати зиёди донишҷӯёни соли аввал ҳоло камхабаранд.
Дар рафти суҳбат бо донишҷўён кормандони китобхона дар бораи шароити имрўзаи китобхонаи миллӣ маълумот доданд ва тарзи дастрас намудани адабиёт, яъне истифодаи қуттиҳои феҳристи китобхона, тарзи хизматрасониҳои толорҳо, истифодабарии технологияи иттилоотии китобхона, раванди автоматикунонӣ дар китобхона, шуъбаҳо ва марказҳои фарҳангӣ маълумот доданд.
Дар охир чун анъана миёни кормандон ва донишҷӯён табодули афкор сурат гирифт ва ба ҳамаи саволҳои ироашуда посух доданд.
Пеш аз оғози вохӯрӣ ба ширкаткунандагон варақаҳои таблиғотӣ тақсим карда шуданд.